Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин номи Давлатманд Холов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакиро гирифт.
Дар ин робита аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул гардидааст.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ Давлатманд Холов дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз чеҳраҳои саршинос ба шумор рафта, давоми умраш оҳангҳои зиёди руҳбахш эҷод намуда, мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷу равнақ бахшид.
Давлатманд Холов дар 74-солагӣ, моҳи феврали соли 2024 даргузашт.