Валиҷон Азизов, ҳунарманди саршиноси кишвар, дар барномаи консертие, ки ба хотири гиромидошти овозхони маъруф шодравон Баҳром Ғафурӣ роҳандозӣ шуда буд, суруди “Модар”-и марҳумро сароид.
Суруди мазкур дар ютубканали “BG company” нашр шуда, дар чор шабонарӯз зиёда аз 400 ҳазор маротиба дида шудааст. Чунин шумораи зиёди бинандагонро соҳиб шудани навори мазкур дар ютубканали “BG company” рекорди калон маҳсуб мешавад.
Валиҷон Азизов суруди “Модар”-и шодравон Баҳром Ғафуриро бо овози зинда чунон бо алам сароидааст, ки аз таъсири он толор мегиряд. Аз ҷумла, дида мешавад, ки чеҳраҳои саршиноси кишвар Сабринаи Назрӣ, Зулайхо Маҳмадшоева, Мино Баҳруллоева, Сироҷиддин Фозилов, Ҷаҳонгир Зарипов, Беҳрӯз Зеваров ва дигарон бо таассуф ва чеҳраҳои гирифта сурудро гӯш мекунанд ва бархе ашк ҳам мерезанд.
Суруд дар худ чунин мисраъҳоро дорад:
Умри ту оғӯши ғам шуд,
Қалби ман пур аз алам шуд.
Чашмҳои нозанинат,
Зара-зара зери нам шуд.
Ҳамчунин, Валиҷон Азизов пас аз иҷрои суруд чунин мегӯяд:
— Руҳат шод бод, бародари азизам! Дидор дар қиёмат!
Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи шинохта, маҳбуб ва хушсадову хушсимои саҳнаи тоҷик се сол қабл дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе дар наздикии Донишгоҳи омӯзгории кишвар ба садамаи автомобилӣ дучор гашта, ҷон ба Ҳақ супурд.
Баҳром Ғафурӣ ҳамагӣ 44 сол умр дошт. Ӯ зода ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ буд. Дар рӯзи маргаш, на танҳо оилаи ӯ, балки тамоми ҳамватанонаш мотам доштанд. Қариб ҳамаи шабакаҳои интернетӣ аз ғаму андӯҳи фавти Баҳром Ғафурӣ метаркид.Махсусан ситораҳои саҳнаи тоҷик, ки бо Баҳром ҳамроҳ тарона эҷод кардаанду ҳамроҳаш суруд сароидаанд, аз ҷавонмарг шудани ӯ сахт ғамгин шуданд.