Formula novemver 2024
Ҷасади як ҷавони 21-соларо аз «Кӯли ҷавонон» берун оварданд
25.04.2024
ОИЛА.ТҶ
498

 

Дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷасадеро аз «Кӯли ҷавонон» берун овардааст.

Дар бораи мавҷуд будани ҷасад дар ин кӯл ба Қисми навбатдории КҲФ аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, дастаи зудамал ба ҷойи ҳодиса расида, ин ҷасадро аз умқи об берун овардаанд. Маълум шудааст, ки вай як ҷавони 21-сола, сокини деҳаи Порвори ҷамоати деҳоти Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон будааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло сабабҳои марги ин ҷавонро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ёдовар мешавад, ки мавсими оббозӣ аз 1-уми июн оғоз мешавад. Кумита хоҳиш кардааст, ки шаҳрвандон ҳангоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД