Сушант Сингҳ Раҷпут, ҳунарманд, раққос ва соҳибкори 34-солаи ҳинд якшанбеи 14-уми июни соли равон дар манзили зисти худ воқеъ дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон даст ба худкушӣ задааст, иттилоъ медиҳад, хабаргузории “Кинотека”.
Ҷисми беҷони ӯро аз хонааш пайдо намуда, бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона бурдаанд. Феълан сабаби марги ҳунарманди ҷавон маълум нест ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар ин бора то ҳол тавзеҳотеро нашр накардаанд. Тафтишот дар ин самт идома дорад. Ситораҳои машҳури Болливуд, сиёсатмадорону варзишгарон ва кулли мухлисони ҳунарманд аз марги нобаҳангоми Сушант мотам гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғаму андӯҳи худро баён кардаанд.
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ҳамагӣ як ҳафта қабл аз марги Сушант, собиқ менеҷери ӯ Диша Салиан низ дар хонаи худ дар шаҳри Мумбай худкушӣ карда будааст. Он замон ҳунарманд бехабар аз тақдири худ нисбати даргузашти собиқ менеҷераш ба оилаи ӯ изҳори ҳамдардӣ карда буд.
Сушант Сингҳ шурӯъ аз соли 2008 дар филмҳо нақш меофарид ва то имрӯз шумораи филмҳои ӯ марзи 15 ададро убур кардаанд. Солҳои охир коргардонҳо Сушантро зиёд ба филмҳояшон даъват мекарданд ва худи ӯ дар авҷи шӯҳрат қарор дошт. Филмҳои “Се иштибоҳи ҳаёти ман”, “Дили ман дар куҷо зиндагӣ мекунад?”, “Хуш омадед ба Ню-Йорк”, “Қиссаи ҳақиқии ҳиндӣ” ва “ПиКей” намунае аз ҳунари воло ва истеъдоди баланди Сушант мебошанд.