Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ иттилоъ медиҳад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонии довталабоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, чунин муқаррар кардааст:
- Маблағе, ки довталаб барои хизматрасонӣ ҷиҳати иштирок дар ИМД-2023 пеш аз бақайдгирӣ месупорад.
Зинаи таҳсилот | Р/т | Гурӯҳи довталабон | Маблағ |
Таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ | 1 | Довталабони беимтиёз | 300 |
2 | Довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд | 150 | |
3 | Довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” | 150 | |
4 | Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола | -* | |
5 | Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд | -* | |
Таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) | 6 | Довталабони беимтиёз | 210 |
7 | Довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд | 105 | |
8 | Довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” | 105 | |
9 | Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола | -* | |
10 | Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд | -* |
2. Маблағе, ки довталаб барои хизматрасонӣ ҷиҳати азнавбақайдгирӣ дар ИМД‑2023 месупорад.
Зинаи таҳсилот | Р/т | Гурӯҳи довталабон | Маблағ |
Таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ | 1 | Довталабони беимтиёз | 25 |
2 | Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола | -* | |
3 | Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд | -* |
* ин гурӯҳҳои довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд.