Arzon march 2024
“АРӮСИ НОСКАШ”-И ФАТҲИДДИНИ “ГИТАРИСТ”
3754


Фатҳиддин, навозанда ва сарояндаи ҷавони тоҷик, ки бо лақаби “Гитарист” машҳур гаштааст, дар ҳамовозӣ бо Азизбек Ҷураев тороҳанги наверо бо номи “Арӯси носакаш”ба мухлисони савту наво пешкаш кард...

Фатҳиддин ё “Федяи гитарист”, блогери тоҷик, ки ютуб канали Hamatarafa LIVE-ро пеш мебарад, дар ҳамкорӣ бо Азизбек Ҷураев, сароянда ва ҳаҷвнигор дуэти аҷибе сурудаанд, ки дар байни ошиқони савту наво валвала ангехтааст. Клипи мазкурро дар ду ҳафта наздики ним миллион нафар тамошо кардаанд.

Қабл аз ин, клипи ин ду сарояндаро таҳти унвони “Ну погоди заяц” дар як моҳ 570 нафар тамшо карда буданд. Аз ин бармеояд, ки шумораи мухлисони Фатҳиддин ва Азизбек торафт зиётар мешавад. Ёдовар бояд шуд, ки баъд аз пахши клипи “Мезебад” (Арӯси носкаш) клипи дигари Фатҳиддин таҳти унвони “Миллионер” бо иштироки Лилия, Федя, Маша, ва Азизбек дар ютуб канали шахсии Фатҳиддин пахш шуд, ки аз ҷониби дӯстдорони мусиқӣ дар як ҳафта 302 ҳазор бор тамошо карда шудааст.

Фатҳиддин вақтҳои охир ҳамчунин бо Шердил ва Муҳаммад, сарояндаҳои ҷавон робитаи эҷодӣ барқарор намуда, барои дарёфти “Ман”-и худ дар ҷодаи мусикӣ ба ин ҷавонон ёрӣ мерасонад.
Фатҳиддин қадамҳои нахустини худро дар роҳи ҳунар тавассути блоги шахсии хеш гузоштааст. Мухлисонаш ӯро аввал ҳамчун блогер ва сипас ба сифати сароянда шинохтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД