Ману Нилуфар муддати ҳафт моҳ аст, ки дар фотиҳа ҳастем. Волидонамон маслиҳат карда буданд, ки тӯйро дар фасли тобистон мегузаронанд, вале бадрашкии арӯсшавандаам аллакай маро дилхунук кардааст.
Шабу рӯз тариқи телефон бо ҳам гап мезанем, аз ҳамдигар ягон сирри пинҳонӣ надорем, аммо Нилуфар бо ҳар баҳона бо ман ҷанҷолу моҷаро мекунад. Аслан ман бачаи шаҳрӣ ҳастам ва мехостам ягон духтараки ба худам муносибро ба занӣ бигирам, лекин модарам бо маслиҳати хоҳаронаш ҳамин Нилуфарро аз як деҳаи дурдасти Варзоб ёфта, ду пояшро ба як мӯза андохт, ки хоҳӣ-нахоҳӣ ман ҳамин духтаракро келин мекунам, чунки духтарҳои деҳотӣ ҳунарманданд ва ба қадри шавҳару хусуру хушдоман мерасанд.
Холаҳоям Нилуфарро таърифу тавсиф карда ба осмони ҳафтум бароварда буданд, вале баъди фотиҳа шудан фаҳмидам, ки ҳамдигарро фаҳмидани ду одами дар муҳити гуногун ба воя расида чӣ қадар душвор будааст. Ман Нилуфарро паст заданӣ нестам, вале баҳудаю беҳуда рашк карданаш ба ҷонам задааст. Мабодо занг занаду телефони ман банд бошад, дарҳол гумони бад бурда “бо кадом бева чақ-чақ доштӣ ё дилат, ки духтарҳои сарлучи шаҳриро мехост, барои чӣ маро побанд кардӣ?!” гӯён, қиёматро қоим мекунад. Саволҳои бемаъниаш ба дилам задааст. Чанд маротиба фаҳмондам, ки ман ягон арӯси дигар надорам, бо ёру ҷӯраҳоям гап мезанам, бовар намекунад. Дидам, ки намешавад, қилиқҳои келини хапаки деҳотиашро ба модарам нақл карда, хоҳиш намудам, ки ҳанӯз дер нашуда, фотиҳаро гардонад, чунки ман бо чунин зани бадгумон зиндагӣ карда, умрамро хазон карданӣ нестам. Модарам “шарманда мешавем” гӯён рад кард.
Инҷиқиҳои арӯси деҳотӣ ҷонамро ба лабам расонидааст, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Иброҳим, сокини шаҳри Душанбе