Sebiston new 2024 october
ҶАРИМАИ МОРГЕНШТЕРНРО БАРОИ ТАБЛИҒИ МАВОДИ МУХАДДИР
1003

 

Алишер Валеев, рэпсарои 23-солаи рус, ки бо тахаллуси саҳнавии “Моргенштерн” машҳур аст, барои бо роҳи ғайриқонунӣ таблиғ кардани маводи мухаддир дар ду намоҳангаш гунаҳкор дониста мешавад.

Суди ноҳияи Зюзинои Маскав нисбати овозхон тибқи қисми 1, моддаи 6.13-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия (таблиғи ғайриқонунии маводи мухаддир) парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ӯро ба пардохти 100 ҳазор рубли русӣ муваззаф кардааст. Моргенштерн омода аст, ки маблағи ҷаримаро пардохт кунад, аммо дар баробари ин, аз болои қарори суд низ шикоят кардан мехоҳад. Посили Русия ҳанӯз санаи 24-уми май таблиғи ғайриқонунии маводи мухаддирро дар намоҳангҳои “Розовое вино-2” ва “Family”-и овозхон маълум карда буд. Дар хулоса гуфта мешавад, ки “ҳадафи овозхон нишон додани афзалиятҳои маводи мухаддир ва истифодаи он мебошад”. Сергей Жорин, адвокати овозхон низ аз қарори суд изҳори норозигӣ карда, гуфтааст, ки ҳатман шикоят мекунанд. Ёдовар мешавем, ки Моргенштерн яке аз пурсарусадотарину баҳсбарангезтарин ва дар баробари ин, дӯстдоштатарин овозхони рус миёни наврасону ҷавонон мебошад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД