goodwell
Қаҳрамонҳои гумном
69

Чанде пеш ба шаҳри Хуҷанд рафтем. Аз он ҷо ба шаҳраки Консой даъват шудем. Воситаи рафтуои сокинон «Спринтер» буда, як-як мошинҳои сабукравро ҳам дучор омадан мумкин аст. Мо пас аз хӯроки нисфирӯзӣ сабукраверо пайдо карда, ба самти Консой рафтем. Бо тай кардани як қисмати роҳ аз пешамон плазаи толлингӣ (тарозу) баромад. Чун ман дар курсии пеш нишаста будам, дидам, ки дар оинаи плазаи толлингӣ 6 сомонӣ қайд шудааст, вале аз корти ронандаи мо 3 сомонӣ гирифта шуд.

- Ба ман ҳайрон нигоҳ накунед, меҳмон. Мо ва сокинони Истиқлол дар ин тарозуи худамон имтиёз дорем, яъне 50 фоизи пули муқарраргардидаро пардохт мекунем,- ба нигоҳи саволомези ман гуфт ронанда.

- Ҳолати нигоҳдории ширкат ба пули пардохтмекардаатон арзанда аст?,- пас аз ҷавоби ногаҳонии ронанда пурсидам.

- Бале, ҳам таъмири роҳ ва ҳам ҳолати нигоҳдорияш хуб аст, ҳоло камтари дигар равем, ҳолати роҳи бепулро мебинед.

- Мо дар ин тарафҳо меҳмонем ва он қадар хуб масъалаи тарозуро сарфаҳм намеравем, дар умум чӣ гуна аст хизматрасонии IRS?,- вақти дидани роҳҳои ноҳамвор ва шунидани тақ-туқ бархӯрдани мошин пурсидам.

- Бародар, ман то чанде пеш аз Хуҷанд ба самти Душанбе ҳам мусофиркашонӣ мекардам. Бовар кунед, агар хато накунам, 16 сол мешавад, ки таъмиру нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ бар зиммаи IRS аст ва бо гузашти ҳамин солҳо метавонам бигӯям, ки фаъолияти ин ширкат дар кишвар манфиатовар ва мушкилкушост. Маҳз бо шарофати фаъолияти хубу саривақтии заҳматкашони ин ширкат роҳи Душанбе - Хуҷанд дар чор фасли сол ҳолати хуб дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари ронандагону мусофирон таъмин аст. Худо аз солҳои пеш нигоҳ дорад, ки даҳшат буд.

- Барои ронандагон пули тарозуҳо гарон нест?,- такроран пурсидам аз ронанда, ки нав гапашро тамом карда, мехост нос кашад.

- То ҷое ман медонам, зиёда аз 93 фоизи автомобилҳои аз тарозу мегузашта ба категорияи якум, яъне мошинҳои сабукрав рост меояд. Ва ин дар ҳолест, ки барои чунин намуди мошинҳо нархҳои пасттарин муқаррар шудааст,- суханашро давом дод ҳамсуҳбатам.

Дар идомаи муҳовара ронанда боз чанде дар бораи фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман маълумот дод. Аз ҷумла гуфт, ки дар тарифҳои нави ширкати IRS ба пардохти ғайринақдӣ бартарӣ дода шудааст. Ба гуфти ӯ, ин иқдом ду ҷиҳати хубӣ доштааст: кам шудани хароҷоти ронандагон ва пайдо нашудани ҳар гуна нофаҳмиҳо миёни ронандагону масъулони тарозуҳо.

Мо ба ҷойи даркорӣ расидем. Албатта, суханҳое, ки ронанда гуфт, то андозае фикри маро нисбат ба кори ин ширкат дигар кард. Дар ин раванд иттилоъ гирифтем, ки дар 16 соли фаъолият 11 нафар кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Туғён Умаров, Қозимурод Паҳлавонов, Ниёзқул Қулов, Фахриддин Ашуров, Некрӯз Зуҳуров, Ҷаъфар Ёралиев, Ҳотамбек Ашуров, Фаррух Наврӯзов, Аҳрорқул Каримов, Музаффар Ғоибов, Муродҷон Уришбоев аз ҳамон ҷумлаанд, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хеш (бартарафсозии тармаҳо) ҳалок шудаанд. Бо назардошти фаъолияти пурсамари ширкати мазкур, месазад, ки ин шахсон баъд аз марг ҳам бошад, қадршиносӣ шаванд, зеро аз ҷонфидоиҳои онҳо номи нек боқӣ мондаву онро абадӣ намудан вазифаи ҷонӣ ва рисолати инсонии масъулини соҳа аст.

Ҳ. ТОҲИРӢ, журналист

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД