Салом! Як дӯсти хуҷандиам ба ман маслиҳат дод, ки ҳар рӯз як каф мавиз хӯрам. Ба гуфи дӯстам мавиз ба саломатӣ фоида доштааст, вале аниқ чӣ манфиат доштанашро нагуфт. Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то дар бораи фоидаҳои мавиз маълумот диҳед.
МАНСУР, сокини шаҳри Душанбе
Посух:
- Дар ҳақиқат дӯстатон ба шумо маслиҳати хуб додааст. Гап дар сари он аст, ки 80 фоизи витаминҳо дар ангури хушк нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҳамин сабаб дар таркиби мавиз миқдори зиёди калий мавҷуд буда, барои фаъолияти мӯътадили рагҳои дил ва гурдаҳо муҳим аст.
Мавиз ҳамчунин барои аз бадан хориҷ кардани токсинҳо низ мусоидат мекунад.
Ғайр аз ин, дар таркиби ангури хушк витаминҳои гурӯҳи В мавҷуданд, ки системаи асабро мустаҳкам месозад.
Мавиз назар ба ангур беҳтар ҳазм мешавад.
Пеш аз истифода бурдан, мавизро шустан лозим нест, зеро организм миқдори максималии моддаҳои муфидро аз пӯсти он мегирад.