Arzon march 2024
ҶАҲОНГИР ЗАРИПОВ ОШИҚИ " ДУХТАРИ ГАРМӢ" ШУД?
2920

Ҷаҳонгир Зарипов, овозхони 29-солаи тоҷик, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” клиптаронаи ҷадиду дидании худро интишор кард.

Клиптарона “Духтари ғармӣ” ном гирифта, дар домани табиати сабзу нотакрори Ватан рӯи навор омадааст.

“Анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, рушду нумӯи санъати тоҷик ва тарғиби рушди деҳот яке аз мақсадҳои клипи нави ман мебошад”,-навиштааст Ҷаҳонгир Зарипов дар саҳифаи Инстаграмаш. “Духтари ғармӣ”-ро то ҳол дар саҳифаи “Tamoshow” дар шабакаи YouTube зиёда аз 3 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Шумораи ками корбарон клиптаронаро таъриф кардаанд ва маълум мешавад, ки ин суруди овозхон мисли дигар сурудҳояш муваффақ нашудааст. Инро аз истиқболи на он қадар самимии мухлисони овозхон пай бурдан мумкин аст. Ба ҳар ҳол, Ҷаҳонгир Зарипов сурудро чунон самимӣ сароидааст, ки кас ӯро бешубҳа ошиқи духтари ғармӣ гумон мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД