Дар моҳи шарифи Рамазон ба аҳолӣ шабонарӯзӣ ҳудуди 8 соат барқ дода мешавад.
Мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Арвинд Гуҷрал дирӯз, 10-уми марти соли 2024 бо ирсоли як барқияи фаврӣ ба раҳбарони филиалҳои ин ширкат амр додааст, ки ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аз 11-уми март ба аҳолӣ дар шабонарӯз 4 соат субҳ ва 4 соати дигар шом, дар умум 8 соат барқ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 11-уми март моҳи Рамазон дар кишвари мо оғоз гардид. Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон нисоби закотро 35275 сомонӣ муайян кардааст, ки аз ин 880 сомонӣ закот мебошад.
Ҳамчунин, тақвими моҳи Рамазон аз тарафи Раёсати Шӯрои уламо дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Фидяи савм бошад, барои нафарони дорандаи узри шаръӣ ва беморон барои як рӯз 14 сомонӣ ва барои 30 рӯз 420 сомонӣ муайян гардида, фитри рӯза 7 сомонӣ ҳисоб шудааст.