Дар шумораи №17 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Садриддин ба Тоҷикистон бармегардад?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар аз ҷониби хонандагон бо сарлавҳаи “Мино шавҳар кард?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.
Қиссаи “Маро бубахш, занакҷон!” дар бораи зане навишта шудааст, ки бахти худ ва зиндагии серу пурро пеши по зада, нисбати пайвандони шавҳар беҳурмативу бахилӣ карда, оқибат хонавайрон мешавад.
Дар саҳифаи 4 суҳбати рамазонӣ бо Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар мавриди фазилатҳои иди рамазон ва анҷоми ин моҳи муборак дарҷ гардидааст. Руҳонии шинохта ба саволҳои рӯзадорон посух мегӯяд.
“Руҳи ман шикастнопазир аст” дар остонаи зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, модари саҳнаи тоҷик Марям Исоева навишта шудааст, ки аз зиндагиву фаъолияти ин ҳунарманди мумтози тоҷик нақл мекунад.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Чаро аз бинии кӯдак хун меравад?” шумо метавонед ба саволҳои бешумори худ оид ба хунравӣ аз бинии кӯдак посухҳои қатӣ пайдо намоед.
Дар рубрикаи “Асрори зебоӣ” маслиҳатҳои муфид оид ба нигоҳубин ва машқҳои махсуси зебоӣ ба бонувони синну солашон аз 50 боло дода шудааст.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!