Дар шумораи №15 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Зулайхо Маҳмадшоева тоҷик нест?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар аз ҷониби хонандагон оиди тарки Ватан кардани актрисаи шинохта Мавлона Наҷмиддинова ба идораи ҳафтаномаи ирсол гардидааст.
Қиссаи “Мазори ишқ” сарнавишти занест, ки ба доми фиреби марди тамаъҷӯ ва худхоҳе афтида, шикасти сахт мехӯрад, вале... Сарнавишти Амина хеле ҷолибу табриявӣ аст, зеро дар охир ҳақ ба ҳақдор расида, марде, ки бо ҳиссиёти зан бозӣ кардаву ӯро ғорат кардааст, сахт ҷазо мебинад.
Дар саҳифаи 4 суҳбати рамазонӣ бо Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар мавриди ҳикматҳои намози таровеҳ дарҷ гардидааст. Руҳонии шинохта ба саволҳои рӯзадорон посух мегӯяд.
“Ҳадяи Рамазон” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз ранҷу азобҳои як духтари бе модар ва сарнавишти талхи ӯ навишта шудааст. Қиссаи мазкур давомдор буда, хонандагон давоми онро дар шумораҳои оянда мутолиа карда метавонанд.
“Доми фиреб” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки аз рӯзгори як зани тоҷики дур аз ватани дар муҳоҷират қарордошта ва аз дасти як ҳамватани худ фиреб хӯрдану дар чорроҳаи қисмат зору ҳайрон мондани ӯ нигошта шудааст.
“Вақте Махфират бо алам гиря мекард...” маводест, ки аз зиндагиву фаъолияти сарояндаи машҳури давронӣ шӯравӣ, яке аз поягузорони мусиқии эстрадӣ дар Тоҷикистон Махфират Ҳамроқулова, нақл мекунад.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Дар рамазон чӣ бояд хӯрд?” маслиҳатҳои муфид дар боби истеъмоли ғизо ва солим мондан дар моҳи рамазон тавсияҳо дода шудааст.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!