Formula novemver 2024
Анонси шумораи №5-уми ҳафтаномаи “Оила”
2254

 

Дар шумораи №5-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Дар милитсия миёни зану мард фарқ нест” аз пайроҳаи зиндагӣ ва фаъолияти кории Омина Табарова, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ кору фаъолият менамояд, мавод дарҷ гардидааст.

Сарлавҳаи рубрикаи “Зан ва мард” таҳти унвони “Келини бе ҷиҳоз хушбахт мешавад?” фикру ақидаи бонувонро оиди мушкилоти хонаводагии арӯсҳое, ки бо сабаби нодорӣ ба хонаи шавҳари худ ҷиҳози хеле кам мебаранду мавриди танқиду озори аҳли оилаи шавҳари худ қарор мегиранд, баён менамояд.

“Заҳри пушаймонӣ” сарнавишти марде аст, ки тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ба зане ошиқ мешавад, вале боре ҳам ӯро ба дидорбинӣ даъват намекунаду танҳо баъд аз як занги видеоӣ занро дида, писанд намекунад.

Баъди чанде як дӯсташ ба Носир аз сахт ошиқ шуданаш хабар дода, бо дилбари худ шинос кардан мехоҳад. Вақте Носир ба бӯстонсарои дӯсташ меравад, дар он ҷо ҳамон бонуи шиносашро дида, аз ақлу заковат ва ҳусну ҷамоли ӯ ба ҳайрат меояд ва ангушти пушаймонӣ мегазад.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон ба номаи як муҳоҷири тоҷик таҳти унвони “Дубора шаҳрванди Тоҷикистон шуда метавонам?” посухро мутолиа намоед.

“Қасами сархӯр” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки дар саҳифаи шашуми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қисса воқеӣ буда, барои зану мардони оиладор ибратомӯз аст ва ҳушдор месозад, ки оила макони муқаддас асту онро бояд покиза нигоҳ дошт.

 Дар “Ошхонаи “Оила” ровӣ ва ҳунарманди маъруф Насибаи Бозор барои мухлисони худ оши палови барги токӣ омода месозад.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шинохта Фаридун Сафаров, ки қабл аз шинохта шуданаш самбӯсаву резин мефурӯхт, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Ботокс занро ҷавон мекунад?” ва “4 хушбӯие, ки дар мубориза бо зуком ёрӣ мерасонанд?” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” тақвими мусулмонӣ барои соли 2024 ва ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посухи намояндагони динро аз ҷониби Шӯрои уламои кишвар мутолиа намоед. Дар ин шумора ба саволҳои “Ҳукми амалиёти мӯйсаршинонӣ” ва “Соати тиллоӣ ба мард мамнуъ аст?” посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи “Талоқ дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Чеҳра” аз зиндагӣ ва фаъолияти шахсии сароянда ва ҳунарпешаи тоҷик Озода Аҳатова оид ба ҳолати имрӯзаи санъати эстрадӣ, сарояндаҳои хасакиву воқеӣ, сурудҳои нав, нақшофарӣ дар театру синамо ва ғайраҳо мусоҳибаро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД