arzon replenishment
Анонси шумораи №46-уми ҳафтаномаи “Оила”
1979

Дар шумораи №46-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Дар назди занам гунаҳкорам, вале...”, “Марусяро дидӣ, Маҳинаро фаромӯш накун!”, “Шавҳарам зани дигар гирифту...”,

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Аз рӯзгори ситораҳо”суҳбати хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарпешаи театри “Оина” Манзура Саидова оиди фаъолияти эҷодӣ ва зиндагии шахсӣ мутолиа карда метавонед.

“Тавбаи марди арӯсбоз” чунин ном дорад зиндагиномаи марде, ки дар муҳоҷират бо роҳи фиреб маблағи муҳоҷиронро ба киса зада, ба айшу нӯш дил мебандад. Оқибати духтарбозию занбозӣ ҳамин мешавад, ки ба дарди бедавое гирифтор шуда, оқибат ба сахтиҳо ҷон ба ҷаббор месупорад. Қиссаи мазкур тарбиявӣ буда, бори дигар мардонро ҳушдор месозад, ки оқибати кори худро андеша намоянд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Қуръонро аз телефон бе таҳорат хонам?”, “Дар қиёмат рӯҳи инсон зинда мешавад ё ҷисмаш?”, “Шавҳар бе иҷозати волидайн”, “Паёмбар Худоро дидааст?”, “Падар зердасти писар”, “Оби бандкушо чӣ фоида дорад?” ва дигар мавзуҳо посухро мутолиа намоед. 

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтаронаро, ки бо ҳарфи “Ҳ” ва “Ч” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Кӯдакивазкунӣ чӣ ҷазо дорад?”, “Шавҳарам ба мероси падарам ҳақ дорад?”, “Киро ба ҷавобгарӣ бикашам?” ва “Аҳдномаро кай ба қайд гирам?” посухи адвокат дода шудааст.

Дар саҳифаи 7 “Муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм” пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаи “Аз суруди таъсирбахши Сарвиноз Юсуфӣ то ҳаҷ рафтани Абдурозиқ” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо коргардон, актёр, овозхон ва ҳунарманди шинохта Сироҷиддин Ғафурӣ доир ба актёрӣ, коргардонӣ, овозхонӣ ва нақшаҳои ояндааш мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Ниқобҳои ғизобахши тирамоҳӣ?” ва “Вақте ки фишори хун баланд мешавад” маводи тиббӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

“Гаравгонони хиёнат” қиссаи давомдор буда, дар он хиёнати модару духтар ва дар натиҷа шикаст хӯрдани ду оилаву гирифтори фишори руҳӣ шудани ду мард таҷассум ёфтааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!



 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД