Дар шумораи №45-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Арӯси гирёнчак будам”, “Официантка» мардакамро аз роҳ заду...”, “Аз ғайбати ҳамсояҳо безор шудам”,
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” таҳти унвони “Фаррух Ҳасанов амрикоӣ аст?” ба саволи хонанда посух дода шудааст.
“Ман фурудгоҳи эҳтиётӣ нестам” чунин ном дорад дардномаи дили марде, ки дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қиссаи мазкур гувоҳи он аст, ки баъзан зан ё мард бо эҳсоси шахси дигар бозӣ карда, оқибати кори худро андеша намекунад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намоянда Дар ин шумора ба саволҳои “Барои ҳақи падарам даъво карда метавонем?”, “Дӯстдоштаамро дуздам?”, “Духтури қасосгирандаро ҷазо медиҳанд?” посухи адвокат дода шудааст.
Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарманди маҳбубу хушовоз Файзалӣ Фозилов дар бобати ҳунар, овозхонҳои хасакӣ, матнҳои сурудҳо, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳунарманд, ҳолати кунунии шоу-бизнеси тоҷик ва як нақшаи калони ӯ мутолиа карда метавонед.
Қиссаи “Ишқи шаттоҳбону” чунин унвон дорад зиндагиномаи марду зане, ки бо дахолати модар сарду беранг гаштаву ҳаёти ду нафар талху умрашон барбод рафтааст.
Дар саҳифаи 7 “Муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм” пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаи “Аз “Ҳабибӣ”-и Мубориз ва Фарзона то писардор шудани блогерони маъруф” мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Солимӣ ва зебоӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Мижгончаспонӣ зарар дорад?” ва “Вақте ки кӯдак зуком мешавад?” маводи тиббӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!