Дар шумораи №39 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Аз кори хона мегурезам?”, “Шавҳарамро бо пул иваз кунам?”, “Ба ман раҳм кун, модар!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Мошин дар хоб”, “Ҷанги янгаву қайсингил дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома аз хобномаҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ посух дода шудааст.
“Чаро зебосанам майхора шуд?” чунин унвон дорад зиндагиномаи зане, ки бо марди аз худаш ҷавон оиладор шуда, билохира қурбони хиёнату фиреб ва чандин сахтиҳои зиёди дигар мешавад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст.
Дар ин ҳафта ба саволҳои “Масҷид аз пули рибо”, “Даромад аз мубодилаи асъор”, “Зиёфате, ки ҳарому ҳалол омехта аст”, “Ҳукми хӯрдану нӯшидан дар ҳаммом”, “Сари Ҳусайн дар куҷо дафн шудааст?” ва дигар саволҳо посухро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтаронаро, ки бо ҳарфи “П” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.
Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Чандсоларо ба кор мегиранд?”, “Нафақа андоз дорад?”, “Киҳо ва чандсолаҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд?”, “Дарахтбурӣ ҷавобгарии экологӣ аст?” посух дода шудааст.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз “Салом, ҷонам!”-и Мубориз то “Шери нар”-и Фирӯза мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарманди саршинос ва маҳбуб Ҷаҳонгир Зарипов оиди зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодӣ мутолиа карда метавонед.
Дар рубрикаи “Солимӣ ва зебоӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Варами сурхной ва меъда” посухи мудири кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Уроқов Комрон пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар рубрикаи “Бонуи ҳунар” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо Нисо Рустамова, аввалин тоҷикдухтаре, ки дар самти навохтани асбобҳои зарбӣ фаъолият мекунаду дар ҷашнвораи байналмилалии “Марворидҳои ҷаҳон-2023”соҳиби унвони “зебосанам” шудааст, мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!