Дар шумораи №23-юми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони «Аллаи имрӯзи кӯдакон телефон аст» аз зиндагинома ва пайроҳаи эҷодии шоир, носир, ношир ва журналисти маъруфи тоҷик Латофат Кенҷаева мавод дарҷ гардидааст.
Сарлавҳаи рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Хеши зан қайла бизан, хеши шӯ коса бишӯ” фикру ақидаи ҷомеаро оиди мушкилоти мубрам ва муносибатҳои хонаводагӣ баён менамояд.
Пас аз мутолиаи қиссаи “Арӯси ланг” ба хулосае омадан мумкин аст, ки зебогии зоҳиру ботини инсон метавонад нуқси вуҷуддоштаи шахсро пӯшонад. Ҳаргиз аз шикасту фоҷиаҳои зиндагӣ навмед набояд шуд, зеро поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Қиссаи “Найрангҳои ошиқи гунг” воқеӣ буда, аз забони духтаре навишта шудааст, ки ба доми фиреби ҷавони фиребгару найрангбоз афтида, ба хотири муҳаббаташ ҳатто даст ба дуздии пулҳои падар мезанаду оқибат сабабгори марги қиблагоҳ ва хиёнат ба наздиконаш мегардад.
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Аз ҳаёт дилмонда нашудам” бо модел ва соҳиби шоҳҷоизаи «Маликаи Москва - 2023» ва «Super Model International - 2023» Марям Шарапова оиди зиндагӣ ва фаъолияти касбӣ мутолиа намоед.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шинохта ва сароянда Фатҳиддин Асоев маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “8 тавсия бар зидди ожанги рӯй” ва "Ба кӯдаки дарунрав чӣ додан мумкин?” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” таҳти унвони “Қоидаҳои қурбонӣ” оид ба маъракаороии камхарҷу самимӣ, исрофкорӣ, садақа додан ба ятимон, бевазанҳо, пирони танҳо ва дигар одамони камбизоат мавод дарҷ гардидааст.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Мард мор хоб бинад, занаш мемирад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Лохотрон“ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводро оид ба муҳоҷират ва мушкилоти он мутолиа намоед. Ҳамзамон номаи як бонуи муҳоҷир пешниҳод гардидааст.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Нону намакам кӯрат кунад, ҷиян!”, “Рӯзамро сиёҳ кардӣ, Нигина”, “Зани дуюмашро ҳар ҳафта ба Сафеддара мебарад” дарҷ гардидааст.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!