Дар шумораи №17 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Язнаам аз духтардор шуданаш ношукрӣ карду...”, “Бо марди зандор хушбахт мешавам?”, “Шавҳардидаро гирам, шарманда мешавам?”, “Як духтари хушахлоқ беҳ аз сад писари беномус!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа хобномаи исломӣ таҳти унвони “Ид дар хоб чӣ таъбир дорад?” таҳия гардидааст.
Қиссаи “Як шаби наҳс” чунин унвон дорад зиндагиномаи як ҷавон, ки дар бораи аз ҳам ҷудо шудани волидон ва азобҳои бемодарӣ, шиканҷаи моиндар нақл мекунад. Қиссаи мазкур хеле тазйиқовар буда, ба зеҳни хонанда таъсири сахт мегузорад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” саволу ҷавобҳои динӣ ва маводи кутоҳеро оид ба мавзӯи қасам хӯрдан ё савганд ёд кардан аз нигоҳи дини мубини Ислом посухи сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии ҶТ Ҷамолиддин Хомӯширо пешниҳоди хонандагони ҳафтанома намудем.
“Худо гуноҳатро бубахшад, падар” зиндагиномаи мардест, ки зани дуюм мегирад, вале зиндагияш тавре сурат мегирад, ки ҳам занро аз даст медиҳаду ҳам фарзанди азизашро.
“Маро шавҳарам дар қимор бой дод” қиссаи навбатиест, ки аз мутолиа намуданаш хун дар рагҳо ях мебандад.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз насиҳатҳои Ҷӯрабек Муродов то “Cover”-и Фараҳноз Шарафова” мутолиа намоед.
“Хандинкамон” пароканда намешуд, зеро...” чунин унвон дорад маводе, ки аз фаъолияти ҳунарии ҳунарманди шинохта ва ҳаҷвнигор Муқимҷон Абдуфаттоев ва Театр-студияи “Хандинкамон” навишта шудааст.
Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Бемориҳои баҳории роҳҳои нафас” маводи тиббиро дар боби бемориҳои мазкур ва пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!