Дар Вилоти Хатлон ҷанҷоли байни мактаббачаҳо боиси сар задани фоҷиаи хунине гаштааст. Бар асари ин моҷарои мактабӣ як хонандаи синфи 10 корд хӯрда, ба бемористон интиқол дода шуд, вале...
Тавре ки нашрияи “Пайк” дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, ин ҳодисаи нохуш субҳи рӯзи 31-март сар зада, байни хонандагони синфи 10-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Кӯлоб ҷангу ҷанҷол сар задааст. Сабаби муноқишаи мактаббачаҳо маълум нест, вале дар рафти моҷаро яке аз хонандагон бо корд ба рақибаш ҳамла карда, аз пушт ӯро корд задааст.
Ҷабрдидаро фавран ба беморхонаи вилоятии ба номи А Ҳақназаров бурданд ва табабони шӯъбаи эҳё муддати як шабонарӯз барои наҷот додани ҷони ӯ талош варзиданд, вале комёб гашта натавонистанд. Хонандаи синфи 10 бар асари захми амиқи хӯрдааш суҳби рӯзи шанбе, 1-апрел дар беморхона ҷон дод.
Ба гуфти табибон, корд ба ҷигари наврас расидааст, аз ҳамин сабаб талошҳои онҳо барои наҷот додани ҷонаш аз панҷаи марг бе натиҷа анҷом ёфта, мариз ҷон ба ҷонофарин супурдааст.