Маҳсулоти лозима:
1 банан, 150 грамм орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, 3 қошуқ шакар, 50 мл шир, 50 мл равғани растанӣ, 1 тухм.
Тарзи таҳия:
Бананро бо чангак лат зада, орду моддаи ковоккунанда ва шакарро омезиш диҳед. Дар зарфи дигар шир, равғани растанӣ, тухм, банани латзада ва орду шакарро илова карда, хамир омода намоед. Хамирро ба қолабчаҳо рехта, муддати 25 дақиқа дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа пазед.