Дирӯз, 13-уми июн дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни маъракаи иммунизатсия, вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, назорати қатъии беморони дар ҳолати вазнин қарордошта ҷаласаи корӣ доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода барои бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Дар ҷараёни ҷаласа риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, дарёфт ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, одоби муоширати табибон бо беморон ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.