Arzon march 2024
Ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба долонҳои нақлиётии рақамӣ дар Самарқанд
08.04.2024
ОИЛА.ТҶ
312

 

Дар Самарқанд Ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба "Долонҳои нақлиётии рақамӣ" ба кор шуруъ кард.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар доираи Форуми 11-уми Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба содда кардани расмиёти савдо (APTFF) ҳамоиш гузаронида шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он муовини вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода намояндагӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ҷаласа мубодилаи афкор ва таҷриба дар истифодаи технологияҳои рақамӣ барои эҷоди долонҳои нақлиётии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувор сурат гирифта ва зарурати ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар таҳия ва идоракунии маъмури долонҳои нақлиётии рақамӣ баррасӣ карда шудааст.

Дар ҳамоиш муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Бекҷон Рисмендеев, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, муовини роҳбари дастгоҳи Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Бахтиёр Мамедов, директори Маркази рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои давлатии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Сергази Омаш, раиси Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва амалиёти тиҷорати электронӣ (UN/ CEFACT) хонум Сю Проберт иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД