toyota motors
Ҳаммаслаки “Шӯхиҳои Аловуддин”
49

Ҳунарманди шинохтаи саҳнаҳои ҳаҷвӣ, иштирокчии барномаи маъруфи «Шӯхиҳои Аловуддин» - Маҳмадулло Кабиров дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт. Марҳум нафаре буд, ки ҳама қолабҳоро шикаст, бо “синдроми даун” тавонист ҳунарнамоӣ кунад ва қалби ҳазорон нафарро тасхир намояд.

Ҳамкорӣ бо Дӯстмуроди Алӣ

Ноҳияи Файзобод зодгоҳи Маҳмадулло Кабиров буд. Аз ҳамин муҳит ӯ аввалин сабақҳои зиндагӣ ва эҳсоси ҳунарро гирифт. Нависанда Наргиси Муродалӣ мегӯяд: “Ӯро аз хӯрдӣ мешинохтам ва бо меҳр “тағойи Маҳмадулло!"-номаш мебурдем. Маҳмадулло аз пайвандони наздики раҳматии модарам буд. Сарфи назар аз онки тағойи Маҳмадулло аз рӯзи таваллуд бемории махсус дошт, вале бо дили бекинаву саршори меҳру муҳаббат ба ҳамагон, ба дилҳо роҳ меёфт. Ӯ ошиқу дилбохтаи санъат буд. Рақсу суруд ва нақшофариро дӯст медошту ҳамчун ҳунарманди касбӣ ин ҳунарҳоро балад буд. Ин аст, ки маҳорати фитриашро ба инобат гирифта, шодравон Дӯстмурод Алиев, ӯро ба хонаи фарҳанги ноҳияи Файзобод ҷалб намуд ва дар маъракаҳову чорабиниҳои давлатӣ ва тӯйю хурсандии мардум бевосита даъваташ мекард. Баъди вафоти Дӯстмурод Алиев ҳам, Маҳмадулло Кабиров ҳамкориашро бо ин даргоҳ қатъ накард...”.

Дар канори Аловуддин

Номи Маҳмадулло Кабиров барои аксари тамошобинон пеш аз ҳама бо барномаи маъруфи телевизионӣ “Шӯхиҳои Аловуддин” пайванд дорад. Дар ин барнома ӯ бо образҳои ҳаҷвии худ, бахусус нақши «Шаҳбози устод» машҳур гардид.

Ҳамкории ӯ бо Аловуддин Абдуллоев бисёр ҷолиб буд. Ба гуфтаи ҳамкорон ин ду ҳунарманд якдигарро хуб мефаҳмиданд, нақшҳоро бо ҳамоҳангии комил иҷро мекарданд ва фазои гарму хандовар меофариданд.

Худи Абдуллоев борҳо аз истеъдоди Кабиров ситоиш карда, ӯро «ҷавони боғайрат ва қобилиятнок» номида буд. Ин эътироф аз ҷониби як устоди саҳна нишони арзиши воқеии ҳунари Кабиров аст.

Дар саҳнаи театр

Фаъолияти асосии Маҳмадулло Кабиров бо Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов пайваст буд. Ӯ то соли 2019 дар ин даргоҳ фаъолият намуда, дар як қатор намоишномаҳо нақш офаридааст.

Отахон Саидзода, директори Директори Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мегӯяд: “Маҳмадуллоро устоди зиндаёдам Аловуддин Абдуллоев ба театр оварду ба бозидани нақшҳои хурдакак дар саҳнаҳои "Шухиҳои Аловиддин" ҷалб намуданд. Чун ҳар нақшро самимию ҳирфаи бозӣ мекарданд, ҳатто як эпизоди хурдакак ҳам дар иҷрои ӯ барои бинанда ҷолиб буд. Бо ҳунари асилу мондагорашон маҳбуби дили тамошобинон гардиданд.

Барои муаррифии фарҳанги миллӣ барои ин давлату миллат хизмати шоён намудааст.

Дар намоишномаи “Лаку Пак” дар фестивали театрҳои касбии "Парасту" фаъолона ширкат намуда аст. Маврид ба ёдоварист, ки Театри мо бо ин намоишнома дар фестивалҳои байналмилалӣ, дар Ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат намуда, номи Ватанро ҳамчун кишвари муаррифгари фарҳанги касбии театрӣ ва ҳунари асилу миллӣ муаррифӣ карда аст.”

Пас аз Аловуддин

Ба иттилои ҳамкорон, Маҳмадулло Кабиров солҳои охир аз беморӣ ранҷ мекашид ва ду соли ахирро дар бистари беморӣ сипарӣ кардааст.

“Марги нобаҳангоми Аловуддин Абдуллоев дили ҳазорон-ҳазор мухлисону дӯстдорони ҳунари ӯро озурдаву ғамгин сохт. Аз ҷумла дили бекинаву беозори Маҳмадуллоро. Таҳаммули марги Аловуддин барои Маҳмадулло басо гарон афтод. Ӯ бо шунидани хабари марги вай аз андуҳи зиёд ба ҷойгаҳи беморӣ фитода, баъди бемории дурудароз ба Ҳақ айваст”,- мегӯяд Наргиси Муродалӣ.

Кабиров аз ҷумлаи он ҳунармандоне буд, ки бо имконоти маҳдуд ҳам тавонистанд ҷойгоҳи худро дар қалби мардум пайдо кунанд.

Ӯ шояд ситораи сершумори синамо набуд, аммо ситораи саҳнаи мардумӣ буд, он гуна ҳунарманд, ки мардум ӯро мешиносанд, дӯст медоранд ва ба ёд меоранд.

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД