Амонатбонк соли равон ба зиёда аз 17 ҳазор корхонаю ташкилот, 879 ҳазор нафақагир ва 2,2 миллион пасандозгузорон тавассути 5 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ бо иштироки беш аз 3 ҳазор корманд хизмат расонидааст.
Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода ин нуктаро дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе зимни натиҷагирии фаъолияти Амонатбонк дар соли равон таъкид намуд.
Алиҷон Салимзода иброз намуд, ки дар ин давра фоидаи Амонатбонк то андозбандӣ ба 77 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 11 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳаҷми сармояи Амонатбонк дар ин давра 1 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 12,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Инчунин дар ин давра «Амонатбонк» ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар маҷмуъ 62,1 миллион сомонӣ маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 22,6 фоиз бештар аст.