Formula novemver 2024
ҲАМДАРДИИ ПУТИН, ВАН ДАММ ВА КОНОР БА ҲАБИБ
4392

Ҳунарманди шинохта ва устоди санъати ҷангӣ Жан-Клод Ван Дамм ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов нисбат ба даргузашти падараш ҳамдардӣ баён кард.

Ин ҳунарманди шинохта дар саҳифаи Инстаграммаш навиштааст, ки бо Абдулманап Нурмуҳаммадов аз наздик шиносоӣ надошт, аммо ҳамеша эҳтиромаш мекард. "Бародар, ман дар ҳаёти худ ҳеҷ гоҳ бо ту вонахӯрдам, аммо ҳамеша ба зиндагии барҷастаат эҳтиром мегузоштам! Ман барои сафари охирати ту дуо мекунам. Бигзор Худованд руҳи туро шод кунад. Омин”. Ӯ ҳамчунин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадову оилааш ҳамдардии амиқ изҳор кардааст.

Қаблан ҷанговари машҳури ирландӣ Конор Макгрегор ҳам вобаста ба марги падари рақиби деринааш Ҳабиб изҳорӣ ҳамдардӣ баён карда буд. Вай дар як паёми твитерӣ навишт, ки “Барои аз даст додани падар, мураббӣ ва мухлиси вафодори варзиш изҳори ҳамдардӣ мекунам. Худо раҳматаш кунад”.

Президенти Русия Владимир Путин ҳам дар робита ба даргузашти Абдулманап Нурмуҳаммадов, рӯзи гузашта ба писари ӯ Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада, изҳори тасаллият карда буд. Путин бевосита худаш бо Ҳабиб тамос гирифт.

Ёдовар мешавем, ки мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58 - солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт. Падари Ҳабиб давоми чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Табибон коронавирус ва сактаи қалбашро табобат карданд, аммо сактаи мағзи сари ӯро шифо дода натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада, санаи 3 июл ҷон бохт".

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД