Аз 20 то 30-юми октябри соли 2025 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон бо мақсади кам намудани садамаҳои нақлиётӣ, бехатарии пиёдагардон ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ амалиёти махсуси “Пиёдагард” баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ, ин амалиёт бо ҳадафи пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо ва тарғиби риояи қатъии қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон роҳандозӣ шудааст.