Вазорати умури дохилии кишвар аз марги фоҷиавии боз як бачаи хурдсол хабар додааст. Абубакр ҳамагӣ 12-сол дошт ва дар дил орзуҳои ширин мепарварид, вале як ҳодисаи нохуш риштаи ҳаёти писаракро барканда, дар дили волидонаш доғи абадӣ ниҳод...
Ин ҳодисаи ҷигарсӯз рӯзи 10-уми август, тахминан соати 11:45-дақиқа дар роҳи Хуҷанд-Ғафуров сар зада, Ҷамшедзода Ёқуб Ҷамшед, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе бо мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» дар ҳудуди ҷамоти деҳоти Унҷӣ ноболиғ Абубакр Абдураҳимовро пахш намудааст.
Абубакри 12-сола бар сари ин садамаи нақлиётӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Аз тамоми ронандагон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд. Волидон низ набояд нисбати фарзандони худ бепарвоӣ зоҳир намуда, хурдсолонро танҳо гузоранд, махсусан ҳангоми гузаштан аз роҳҳои калон кӯдакону наврасонро ҳамроҳӣ кардан лозим аст.