Сарояндаи маъруфи Русия Алла Пугачёва суруди Russian Woman («Русская женщина»)-ро, ки сарояндаи тоҷиктабори Русия Манижа Сангин (Manizha) бо ин тарона дарА «Евровидение» в 2021 ширкат мекунад, баҳогузорӣ кард. Андешаи Примадонна дар YouTube-шоуи «Музыкалити» садо дод.
«Аввал ин ки вай (Манижа) шахсият аст… ва сурудаш лоиқ ба «Евровидения», – гуфт, сароянда.
Ҳамчунин, Алла Пугачёва зикр кард, ки Манижа ба ӯ ҳамчун сароянда писанд аст.
Ёдрас мешавем, ки озмуни «Евровидение» аз 18 то 22 май дар Ahoy-и Роттердам бо ширкати сарояндагон аз 41 кишвар баргузор мешавад. Русияро дар ин озмун сарояндаи тоҷиктабор Манижаи Сангин муаррифӣ мекунад. Суруди ӯ “Зани рус” дар ҷомеаи Русия сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст. Теъдоде аз сарояндагону сиёсатмадорон муқобили ширкати Манижа дар ин озмун ҳастанд.