Ман ба наздикӣ фаҳмидам, ки дар шиносномаам дар вақти сабти ном ба хатои имлоӣ роҳ дода, маънои номамро дигар кардаанд.
Мехоҳам ин хатоиро ислоҳ кунам. Барои ин чӣ кор бояд кунам?
М. Х.
Посух
Ҳангоми рух додани саҳву иштибоҳ дар шиносномаи шаҳрванд бо пешниҳоди шиносномаи қаблии ба хатоӣ роҳдодашуда, сурати 3х4, маълумотнома аз ҷойи истиқомат ва агар муддати тӯлонӣ гузашта бошад, 10 доллари ИМА мутаносибат бо арзиши миллӣ қурби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият” амалӣ карда мешавад, вале агар сари вақт бе имзо намудани дастрас намудани шиноснома хатоиаш аз ҷониби соҳиби он дарёфт шавад, ҳуқуқи бемузд ивази онро бинобар бемасъулиятии корманди бахши шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ иваз карда мешавад.