arzon replenishment
Аламҳои ятимӣ ва асрори зиндагии Дилбар Умарова
12.01.2025
ОИЛА.ТҶ
1108

Дар сар то сари кишварамон шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Дилбар Умароваро намешинохта бошад. Ин олиҳаи ҳусн ва зани сар то ба по ҳунар бо нақшҳои ҷаззоби дар саҳнаи театр ва кино офаридааш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст, вале кам касон медонанд, ки то расидан ба қуллаи шаҳрат Дилбар Умаврова азобҳои зиёде кашидааст.

Ятимдухтар

Дилбар Умарова соли 1949 дар оилаи рӯзноманигори варзида Усмон Умаров, ки солҳои тӯлонӣ дар радиои Тоҷикистон кору фаъолият мекард, ба дунё омада, фарзанди суюми хонавода мебошад. Аслан онҳо дар оила шаш фарзанд-чор писару ду духтар буданд: Масъуд, Мансур, Мақсуд, Маъруф, Дилафрӯз ва Дилбар. Ӯ ҳанӯз 10 сол дошт, ки ба сари оила бадбахтӣ омад. Модари азизу меҳрубони Дилбар- Сарварой, ки попурчӣ (сӯзанидӯз) буд, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, дар сини 35-солагӣ аз олам гузашт. Баъди сари модар ба сари Дилбари хурдсол, ки духтари калонӣ буд, бори гарони зиндагӣ бор шуда монд. Аз мактаб меомаду ба рубучини хонаву ҳавлӣ, шустани либосҳои бародарону хоҳаронаш ва пухтани хӯрок машғул мешуд. Танҳо рубучини ҳавлии калонашон, ки дар кӯчаи «Красноармейский» воқеъ гардида буд, чанд соат вақтро мегирифт, вале бо вуҷуди серкорӣ Дилбар дар мактаб аъло мехонд. Баъдтар падараш бо зани ҳалиму меҳрубон Мунавварахон хонадор шуд. Модарандарашон ба Дилбар ва хоҳару бародаронаш мисли модари ҳақиқӣ ғамхору меҳрубон буд. «Ҷоякашон ҷаннат бошад, аяҷони меҳрубонамро»,- бо меҳру муҳаббати беандоза ӯро ба ёд оварда, мегӯяд Дилбар.

Дилбар мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кард ва падараш ҳуҷҷатҳои ӯро ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино супорид. Вай ҳамаи имтиҳоноти донишгоҳро супорида, ба номи пуршарафи донишҷӯй мушарраф гашт. Мехост донишгоҳро аъло хатм намуда, ҷарроҳ шавад, вале ба саршавии дарсҳо ҳамагӣ се рӯз монда буд, ки дӯстону ҳамкорони падараш, шоири маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзода, Аъзам Сидқӣ ва Ҳоҷӣ Содиқ меҳмонӣ омаданд. Дилбари лоғарандоми майдаҷусса дастурхон мепартофту қанду қандолат ва чою меваю хӯрок меовард. Меҳмонон ба симои Дилбари химчамиён нигариста ба падараш гуфтанд, ки ҳаво ва табиати Дилбарро дигаргун кардан лозим аст. Меҳмонони олиқадр маслиҳат карданд, ки Дилбарро ба Институти давлатии санъати ба номи Луночарскии шаҳри Маскав мефиристанд.

Ҳамин суҳбати сари дастурхон сабаб шуду Дилбар ҳамроҳи Зафар Ҷаводов, Муҳаббат Арабова ва Муяссара Аминова озими шаҳри Маскав гашт. Бародараш низ бо ӯ ҳамроҳ буд, вале боду ҳавои намноки шаҳри Маскав ба табиати Мансур рост наомад. Ӯ тез-тез бемор мешуд. Барои беҳдошти саломатиаш Мансур маҷбур шуд, ки тарки Маскав намуда ба Ватан баргардад.

Дилбар бо ҳамсабақонаш Малика Ҷӯрабекова, Гулсара Абдуллоева, Ғолиб Аҳмадов дар ин маҳзани ҳунар аз профессорон Бибиков Б.В ва Пижова О.И сабақ омӯхта, соли 1971 донишкадаро хатм намуд ва бо сари баланд ба Тоҷикистон баргашт. Онҳоро дар театри навтаъсиси «Ҷавонон» ба номи М. Воҳидов ба кор гирифтанд. Аввалин нақше, ки Дилбар Умарова дар ин театр бозид, Сайрамхон аз намоишномаи «Робияи Балхӣ», аз рӯи асари драматург А. Атобоев буд. Баъдтар дар «Дилшоди Барно» аз рӯи асари нависанда Аъзам Сидқӣ нақши шоира Барноро бозида, сазовори баҳои баланди тамошобинон гардид. Дилбар Умарова дар саҳнаи театри «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 12 сол ҳунарнамоӣ карда, сипас бо фармони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои идомаи фаъолият ба театри академиявӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ гузаронида шуд ва то ба имрӯз дар ин театри машҳур ҳунарнамоӣ мекунад.Тамоми нақшҳои дар саҳнаи театр ва кино бозидааш нотакрор бошанд ҳам, бештари тамошобинон Дилбар Умароваро ҳамчун Нетайхон аз намоишномаи "Садо аз тобут" мешиносанд ва дӯст медоранду эҳтиром мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД