Ҳунарманди Ҳолливуд Ал Пачино дар хурдсолӣ кӯдаки душвортарбия буд. Дар нуҳсолагӣ ба кашидани сигор оғоз намуда, дар сездаҳсолагӣ ба нӯшидани машрубот даст зад.
Дар баробари ин, мудом бо дигар наврасон занозанӣ мекард. Ҳамин буд, ки дар 17-солагӣ ӯро аз мактаб ронданд. Чун модараш аз ин сахт норозӣ буд, Ал хонаро тарк кард. Зиндагӣ ӯро руҳафтода накард. Дар дил ҳамеша орзуи ҳунарманди синамо шуданро мепарварид. Чун шахси қобил буд, ба ин мақсуди худ бирасид.
Ҳоло ба хотири маҳорати волояш номи ӯ вирди забонҳост. Ӯ барандаи ҷоизаҳои маъруфи олам «Глобуси тилло»-ӣ (панҷ бор), BAFTA, «Тони» (ду бор), «Эмми» (ду бор) ва «Шери тилло»-ӣ мебошад. Соли 1993 бошад, барои иҷрои беҳтарин нақши асосии мардона дар филми «Накҳати зан» сазовори мукофоти Академияи санъат ва илми синамои ИМА – «Оскар» гардид.