Актёри маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатзода имрӯз ҷашни мавлуд дорад.
Лутфулло Давлатзода 2-юми апрели соли 1958 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, муддате дар Театри драмаи мусиқии шаҳри Конибодом кор кардааст.
Баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ аз соли 1981 актёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизони Тоҷикистон буд.
Ҳамчунин, як муддат "Тоҷиккино"-ро роҳбарӣ дошт. 6 сол директори телевизиони “Сафина” буд. Аз соли 2015 то 27-уми декабри соли 2022 роҳбарии театри Лоҳутиро ба зимма дошт.
Дар саҳнаи театр образҳои ҷолиби зиёд офаридааст. Спектаклҳои «Найи сеҳрнок», «Вопасин арӯси Амиралмуъминин», «Фарзанди Осиё», «Ҷияни хира», «Нахи печида», «Эдип», «Фарёди ишқ», «Дод аз дасти ақл», «Дохунда» ва ғайраҳо бо ҳунараш рангу бӯ гирифтаанд. Маҳораташ дар спектаклҳои телевизионии «Курсии сеҳрнок», «Зани оҳанин», «Дуздӣ», «Ҳайкал», «Аноӣ», филм - спектакли «Ғуруб» ва ғайра зуҳур кардааст.
Ҳунарашро дар филмҳои бадеию телевизионии «Гирдоб», «Дар орзуи падар», «Пой дар гил» «Беҳуда хорам мекунӣ» ва ғайра нишон додааст.
Истеъдоди хуби сарояндагӣ ҳам дорад. «Аз ғамат ай нозанин», «Бе хоки Ватан ҳеҷам», «Тоҷикистонро нигоҳ дор» барин сурудҳоро ҳаводорон хуш пазируфтаанд.
Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз шудааст ва дорандаи унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон аст.
Аҳли эҷоди oila.tj зодрӯзи актёри писандидаи мардуми тоҷик Лутфулло Давлатзодаро муборакбод гуфта, ба эшон тансиҳативу равнақи кори эҷодӣ таманно доранд.