arzon replenishment
Акаам дар ғарибӣ ба ман душман шуду кампири рус модари меҳрубон
15.02.2022
Оила
4184

Ман Фурқат аз Русия мехоҳам сарнавиштамро тариқи сомонаи Оила. ТЧ нақл кунам, то ки ба дигар ҷавонон дарси ибрат гардад ва бидонанд, ки дар ғарибӣ ҳатто бародари ҳамхуни худат ҳам метавонад ба ту душман гардад ва дар лаҳзаҳои мушкил ба ҷойи дастаро гирифтан туро бераҳмона партофта равад. Дӯстро дар сафар ба ғурбат мешиносӣ гуфтани мардум беҳуда набудааст. Зиндагӣ ба мани сарсахт собит намуд, ки натанҳо дӯст, балки бародарро низ инсон дар рӯзҳои сахт мешинохтааст, инро ман аз таҷрибаи талхи ҳаёти худам мегӯям.Чанд сол қабл ҳамроҳи бародаронам дар Санкт–Петербург меваю сабзавот савдо мекардем. Ширкати хусусӣ доштем, ёр дӯстонамон меваҳои шаҳдборро аз Тоҷикистон ба ширкати мо мефиристоданд. Ман бо мошини боркаш маҳсулотро ба мағозаю бозорҳо тақсим мекардам. Рӯзе як кори бисёр зарур баромаду аз бародари калониам, ки хазинадорамон буд ва пули ҳамаамон дар дасташ буд, пул пурсидам, вале «ту ин қадар пулро чӣ кор мекунӣ?!» гуфта надод. Хайр, майлаш гуфта аз паси кору бори худам шудам, вале қарибиҳои бегоҳ бародарам ба сарам омада доду фиғон бардошт, ки гӯё ман пулҳоро аз сейфаш дуздидаам. Ин гапро шунида ҳуш аз сарам парид. Ба номи Худо ва китоби муқаддаси Қуръон қасам хӯрдам, ки на сейфашро дидааму на пул гирифтаам, вале бародарам ба гапам бовар накарда, маро чунон лагадкӯб кард, ки дар баданам ягон ҷойи обод намонд. Ба ин ҳам қонеъ нашуда, бародарам “дузд, даъф шав, дигар рангу рӯятро набинам” гӯён, маро пеш кард. Бо дили пурғаму хотири парешон аз ширкат баромада б пайроҳаи ҷангал равон шудам. Аз сабаби асабнияти зиёд роҳгум зуда, куҷо рафтанамро намедонистам. Чанд соат дар ҷангали пур аз дарахт рҳ гашта, оқибат аз ҳуш рафтаам. Дигар чи шуд, дар хотирам нест. Вақте ки ба ҳуш омадам, худро дар як хонаи тахтагин дидам. Дар болои сарам як пиразани рус нишаста буд. Баъдтар фаҳмидам, ки ин кампираки раҳмдил мани ниммурдаро тасодуфан аз ҷангал ёфта, бо кӯмаки ҳамдеҳагонашро ба хонааш овардааст. Аъзои баданам дард мекард, вале кампираки доно аз гиёҳҳо малҳам сохта дар бадали чанд рӯз мрао ба по хезонд. Писари яккву ягонаи кампир дар садамаи нақлиётӣ фавот карда, дигар ҳеҷ кас надоштааст, аз ҳаимн хотир маро ба фарзандӣ қабул карда, хонаашро ба номам васият намуд. Пиразан бисёр меҳрубон буд ва модарвор мани ғарибро нигоҳубин мекард, аз ҳамин хотир баъдтар бардаронам маро кофта омада бошанд ҳам, ҳамроҳашон нарафтам. Дар ҳамон деҳа монда, хизмати модархонди русамро ба ҷо меовардам ва дар хонаи дигар сокинони деҳа устогӣ карда, пули хуб кор мекардам. Ҳамин тавр бо шарофати модархонди меҳрубонам дар байни ду сол шаҳрванди Русияр гирифтам, вале умр ба кампир вафо накарда, аз олам гузашт. Очахондамро бо дасти худам гӯру чӯб кардам. Ҳамсояҳо барои як пиразани бе касу кӯйро мисли фарзанд нигоҳубин карданам маро дӯст доштанд ва маслиҳат доданд, ки дар деҳа ягон мағоза кушоям. Шукри худо ҳол соҳиби мағозаи шахсии худ ҳастам ва зиндагии серу пур дорам. Як тоҷикдухтарро ёфта, хонадор ва соҳиби фарзанд ҳам гаштам, аммо коре, ки бародари худам бом ан кард, ҳаргиз аз ёдам намеравад. Пулҳои бародарамро зани русаш гирифта будааст, вале вай асли гапро аниқ накарда маро дар назди тамоми коргарон дузд эълон кард. Барои мушту лагадҳои хурдаам не, барои бо туҳмат маро дузд эълон намуда, дар назди дӯсту душман бадном карданаш ҳеҷ гоҳ гуноҳи бародарамро намебахшам! Зиндагӣ ана ҳаимн хел аст бародарон, пул акаро ба додар душман мекунад!
Фурќат аз Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД