Чанде қабл овозае паҳн шуд, ки гӯё овозхони машҳури жанри «Фалак» Гулчеҳра Содиқова дар сафари ҳаҷ ба шаҳодат расидааст. Ин овоза тамоми мухлисони овозхонро ғамзада кард, чун ин модари санъат аз дилу ҷон мехонду хурду бузург ошиқи шайдояш буданд.
Вале, дирӯз вақте Назарзода Бахтиёр, раиси шаҳри Кӯлоб, ба аёдати Гулчеҳра Содиқова рафту аксашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ӯро сиппа сиҳат, дар либоси миллӣ, дар қиёфаи зебои модарона дидем, аввал ҳайрон шудем. Сипас, хурсанд шудем.
Гулчеҳра Содиқова - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, модари санъати тоҷик ва фалаксарои беҳамто мебошад. Гулчеҳра Содиқова дар зиндагӣ зани хушбахт, боҳунар, дилкушод, зебо ва қавиирода аст.
Ӯ 31 октябри соли 1941 дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ҳунарнамоиро аз сини хурдсолӣ аз синфи дуюм оғоз кардааст. Ҳанӯз дар синфи дуюм миёни мардум бо унвони "Гулчеҳраи фалакхон" ном бароварда буд ва дар ҷашнҳои арӯсӣ барои ҳамдиёрони худ таронаҳои дилфиребу дилангез месуруд.