Arzon march 2024
Аҳдномаи никоҳ –Брачный контрак чӣ манфиат дорад?
15.04.2023
ОИЛА
813


Ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Аҳдномаи никоҳ чист?

Аҳдномаи никоҳ чист ва он кай дар байни ҳамсарон баста мешавад? Сурайё, шаҳри Хуҷанд.

Аҳдномаи никоҳ- созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулки ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад.

Ҳуқуқҳои зану шавҳар дар аҳдномаи никоҳ
Аҳдномаи никоҳ нисбати кадом намуди амволҳои зану шавҳар баста мешавад?
Кабир, шаҳри Ваҳдат.

Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар, тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар, тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо, хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молу мулкиашонро дохил намоянд.


Аҳдномаи никоҳ барои кӣ ҳатмӣ аст?

Бастани аҳдномаи никоҳ байни киҳо ҳатмӣ мебошад?
Шероз, шаҳри Ҳисор.

Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад ва аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқ гардида, ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
- ўҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД