Интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябри имсол баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 6 - уми август қарор қабул кард.
Президенти Тоҷикистон дар 7 сол як бор интихоб мешавад. Интихоботи охирини президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 баргузор шуда буд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ғолиб омад.
Баъд аз эълони рӯзи баргузории интихобот дар Тоҷикистон давоми ҳафтаи гузашта баҳсу гуфтугӯҳо аз нав авҷ гирифт, ки перезиденти ояндаи кишвар кӣ мешавад. “Радиои Озодӣ” дар робита ба ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарсанҷие баргузор кард, ки то ҳол баҳси зиёде дар ин бора идома дорад.
Дар шабакаи иҷтимоии фейсбук дар зери назарсанҷии “Радиои Озодӣ” беш аз 470 нафар шарҳ навишта, 16 нафар онро бознашр кардаанд. Дар шарҳи корбарон дар баробари номҳои Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Раҳматилло Зойиров, Иззат Амон ва дигарон инчунин номи сарояндаи мардумӣ Қадами Қурбон ҳам дида мешвавад.
Беш аз 25 нафар корбари фейсбук дар шарҳи назарсанҷии ин расона навиштаанд, ки мехоҳанд Қадами Қурбон президент шавад. Мо бо овозхон тамос гирифтем ва хостем назарашро дар ин бора фаҳмем, аммо телефонаш дастнорас буд. Феълан, назари худи ӯ маълум нест.
Бояд гуфт, ки Қадами Қурбон яке аз пурбаҳстарин овозхонҳои тоҷик аст. Ӯ имсол ба сабаби роҳ ёфтани чанд видеояш ба интернет маъруф шуд. Як гурӯҳ тамошобинон ҳунарнамоии ӯро танқид карда, онро зидди меъёрҳои фарҳангиву ҳунарӣ мегӯянд.
Тарафдоронаш ӯро ҳимоя карда, мегӯянд, ки Қадами Қурбон як овозхони озод аст ва мисли як ҳунарпеша аз роҳи тақдими ғайримаъмулии таронаҳояш барои тамошобин “спектакл”-и хурде намоиш медиҳад. Ӯ асосан сурудҳои туёнаи ҳазломез месарояд.
Ин сарояндаи тоҷик дар як муддати кӯтоҳ ба ситорае табдил ёфт, ки наворҳои сурудхонии ӯро дар шабакаи YouTube беш аз 3 миллион нафар тамошо карданд. Акнун ӯро барои таблиғоти хеш ширкатҳои бузург ва машҳур даъват менамоянд ва ӯ дар хориҷи кишвар барномаи консертӣ дода, албоми нахустини сурудҳояшро омода карда истодааст.
Қадами Қурбон 1 феврали соли 1974 дар деҳаи Чагами ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод), дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст. Дар мактаби № 11 ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ №33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 — 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хизмати ҳарбиро адо кардааст. Онҳо 10 бародарону хоҳарон буда, Қадам фарзанди 8 — уми оила мебошад.
Қадам муаллими мусиқии деҳа буда, дар деҳаи хурде зиндагӣ дошт. Дар тӯйҳои мардум сурудхонӣ карда, зиндагиашро пеш мебурд. Баъдан наворҳои сурудхонии ӯ ба шабакаи интернет роҳ ёфт ва миллионҳо тамошобин пайдо кард. Ба ӯ рӯзноманигорон таваҷҷуҳ зоҳир карда, мусоҳиба анҷом доданд ва аз ин пас ҳаёти ӯ тағйир ёфт.
Қадами Қурбон оиладор буда, соҳиби 6 фарзанд: чор писару ду духтар аст. Духтари калониашро ба шавҳар дода, писараш Қаноат, ки ҳамроҳаш сурудхонӣ мекунад, оиладор ва донишҷӯи Донишкадаи санъат аст. Фарзандони дигараш ҳоло дар мактаб таҳсил мекунанд.