Arzon march 2024
ҚАДАМИ ҚУРБОН ҲОДИСАИ БО ЗАНАШ РУХДОДАРО ШАРҲ ДОД
07.06.2021
Оила
3847

 

Қадами Қурбон, овозхони шинохтаи тоҷик, ҳодисаи бо ҳамсараш рухдода ва вазъи саломатии ӯро шарҳ дод.

Овозхон аз он нигарон ва нороҳат аст, ки бархеҳо надидаву насанҷида, дар бораи оилааш хабарҳои бардурӯғ паҳн кардаанд. “Рӯзи 11-уми май занам дар Кӯлоб буд ва вақте занг задам, гуфт, ки дар роҳ омада истодааст. Аз шаҳр то деҳаи мо (деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин) ҳамагӣ 15-20 дақиқа роҳ аст, аммо ним соат гузашту як соат гузашт, аз ӯ дараке нест. Боз тамос гирифтам, аммо ин навбат занг мерафту касе ҷавоб намедод. Ҳамон вақт мошини онҳоро дар роҳ сел бурдаву ҳамсари ман худро наҷот дода, дар болои мошин будааст”,-дар барномаи “Tojikon Group” шарҳ додааст Қадами Қурбон.

Ӯ дар идома афзудааст, ки феълан вазъи саломатии ҳамсараш хуб буда, ба ӯ хатаре таҳдид намекунад. Ёдовар мешавем, ки санаи 11-уми майи соли равон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлобу ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сел омада, ба сокинон ва манзили зисти онҳо зарари ҷиддӣ расонида буд. Баъди ин офати тибиӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯиё ҳамсари Қадами Қурбон дар зери сел монда, ҷароҳати вазнин бардоштааст ва бархеи дигар мегуфтанд, ки ӯ фавтидааст. Бар асари омадани сел дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин се нафар ба ҳалокат расида, чандин оилаи дигар аз хонаву дари худ маҳрум монданд.

                                                

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД