Arzon march 2024
ҚАДАМИ ҚУРБОН: БА МАРДЕ, КИ ХОНАЮ МОШИН НАДОРАД,ЗАН ҲАЙФ АСТ!
3346


Қадами Қурбон, ҳаҷвнигор ва сарояндаи тоҷик дар як сурудаш, ки дар як тӯй бо овози зинда иҷро мекунад мегӯяд:

«Марде ки хона надорад, “участка” надорад, мошин надорад ,ба ӯ зан ҳайф аст. Зане, ки шавҳар надорад, ба ӯ кӯдак ҳайф аст. Телефоне, ки ки пул надорад, ба ӯ гудок, смс ва интернет ҳайф аст…»

Ин навор дар канали хурди TAJIK MEDIA нашр шудааст.
Одатан клип ва сурудҳои Қадами Қурбон то чаҳор миллион тамошобин доранд, вале ин таронаро дар муддати 5 шабонарӯз ҳамагӣ 416нафар тамошо кардаанд.
Ростӣ, барои мо норавшан аст, ки сабаб дар кам будани шумораи буначиёни канал бошад ё Қадами Қурбон аз мӯд баромадааст?!

Ёдовар мешавем, ки пас аз вохӯрии Қадами Қурбон бо Ҷонибек Муродов нуфузи ин сарояндаи шӯх ва ҳаҷвсаро якбора боло рафта, шумораи мухлисонаш бо шиддат рӯ ба афзоиш ниҳд. Танҳо клипи “Малика Куштӣ Бобота”-и Қадами Қурон дар ютуб канали Dushanbe Life дорои 3.9 млн тамошо мебошад.

Бояд гуфт, ки услуби ҳаҷв ва ҳунари сарояндагии Қадамро ҷомеа ба таври гуногун пазируфтанд. Тарафдоронаш хеле зиёданд, аммо онҳое низ кам нестанд, ки ба сароянда баҳои манфӣ медиҳанд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД