formula feb 2025
Қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо аз 1-уми март оғоз мешавад
196

Даври асосии қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии кишвар аз 1-уми март оғоз гардида, то 30-юми апрел идома меёбад.

Даври дуюм аз 1-уми июн оғоз мегардад. Даври сеюм аз 3-юми сентябр оғоз шуда, даври 4-ум аз 24-уми октябр оғоз ва то моҳи декабр идома меёбад.

Дар ин бора Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, роҳбари Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон иттилоъ дод.

Инчунин, ӯ зикр намуд, ки хатмкунандагони синфи 11-ум 114 ҳазор нафар буда, синфи 9 ба 150 ҳазор нафар мерасад, ки аз солҳои гузашта зиёдтаранд.

Тавре зикр гардид, маблағи қабули довталабон ҳоло муайян нашудааст. Ҷаъфарзода Сабзалӣ гуфт, ки маблағи довталабон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД