Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонии бинои нави Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” аз наздик шинос гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, сохтмони бинои нави муассисаи номбурда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ёрии таъҷилӣ, марҳилаи 5” ҷараён дорад.
Дар ин ҷо ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода роҳбарияти Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” лоиҳаи бинои нави муассисаро муаррифӣ намудааст.
Қайд гардидааст, ки айни ҳол корҳо дар иншооти нави тандурустӣ тибқи лоиҳаи тасдиқгардида ҷараён дошта, баҳри бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифат истифода гашта, ҳамзамон сохтмончиёни ботаҷриба ба кор ҷалб гаштаанд.