tobiston
Абдуллозода бо фаъолияти шабонаи "Шифобахш" шинос шуд
08.08.2025
Oila.tj
233

Шаби 7-уми августи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос гашт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи ташрифи хеш номбурда аз вазъи муассиса пас аз таъмиру навсозӣ дидан ба амал оварда, бо натиҷаи корҳои дар ин самт ба анҷом расида шинос шуд.

- Қобили зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили як қатор шуъбаҳо, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳои мазкур корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд,- меафзояд манбаъ.

Дар баробари шиносоӣ бо натиҷаи корҳои ободониву созандагӣ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" инчунин Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии тиббии ин муассисаи тандурустӣ низ шиносоӣ пайдо намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД