Sebiston new 2024 october
Абдулло Шарипов боз фарзандашро аз даст дод?
28.05.2022
ОИЛА
1848


Чандест тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ бохабар гардидам, ки ҳаҷвнигори шинохта Абдулло Шарипов аз бемории ҷиддӣ доштани фарзандонаш ба мардуми кишвар нақл карда, барои табобати ҷигарбандонаш кумак пурсидааст.

Ба наздикӣ шунида будам, ки писарчаашро дар Ҳиндустон табобат кардааст, вале боз хабари дигаре паҳн гардид, ки фарзандонашро аз даст додааст. Абдулло ҳамагӣ чанд фарзанд дошт?
Нигора Раҳимова, аз ш. Ваҳдат.
Абдулло Шарипов ҳунарманд ва роҳбари ҳаҷвии гуруҳи “Маҳфилоро” дугоникҳои худро аз даст додааст. Ба иттилои худи ҳунарманд дугоникҳояш дар моҳи чорум дар батни модарашон нобуд шудаанд. Шарипов марги фарзандонашро ба ҳодисаҳои нохуши чанд моҳи охир рабт медиҳад, ки ба ҳолати руҳии ӯ ва ҳамсараш таъсири бад расониданд. Бояд қайд намуд, ки Абдулло Шарипов то имрӯз 5 фарзандашро аз даст додааст.

Духтари дусолаи ҳунарманд Марям соли гузашта бар асари бемории илтиҳоби устухон аз дунё гузашта буд. Соли равон бошад Аҳмадҷон, писари ҳунарманд ба ин беморӣ гирифтор гардид. Хушбахтона бо кумаки нафарони хайрхоҳ ҳунарманд тавонист, ки писарчаашро ба Ҳиндустон бурда табобат кунад. Ӯ соли гузашта барои табобати духтарчааш маблағи кофӣ ҷамъ карда натавониста буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД