Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023” Абдуқаҳҳор Сулаймон, омӯзгори фанни физика ва астрономияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дониста шуд.
Аз 27 то 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023” доир гардид, ки дар он 5 нафар: Суҳробов Дилдор - омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъа, Ҳидоева Раҳима - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ, Зоиров Сиратулло - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Абдуқаҳҳор Сулаймон - омӯзгори фанни физика ва астрономияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб ва Абдуллозода Санавбар - омӯзгори фанни химияи Гимназия - парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзида, давоми 3 рӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и пойтахт аз рӯйи 7 шарт ҳунару маҳорати худро санҷиданд.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун рӯзи 30-юми сентябр дар Кохи Суруш зимни баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон доир шуд, ки дар он муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони пешқадам иштирок намуданд.
Нахуст муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ба ҳозирин ироа намуда, кулли омӯзгорони ҷумҳуриро аз номи Пешвои миллат бахшида ба иди касбиашон шодбош гуфт.
Сипас, аз ҷониби муовини Сарвазири кишвар ва вазири маориф ва илм иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023” ва “Мураббии соли Тоҷикистон - 2023” бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғолибони ин озмунҳо бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Бояд гуфт, ки Абдуқаҳор Сулаймон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи ихтисоси физика ва математика тибқи квотаи Президентӣ мебошад.
Гуфта мешавад, 15 нафар шогирдони ин омӯзгори ҷавону муваффақ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ва беш аз 20 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.
Давоми се соли фаъолияташ дар муассисаи таълимии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб 11 нафар шогирдонаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Абдуқаҳор барандаи озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омузгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” мебошад. Инчунин, барои натиҷаи баланди меҳнатӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.
Дар айни замон рисолаи илмии худро дар самти астрономия зери роҳбари доктори илмҳои таърих (таърихи астрономия) порофессор Хайёл Бобоев идома дода истодааст.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Бобоҷонов Ҷурабой, омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022” эълон гардида, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда буд.