Formula september
8 табақае, ки закот бояд ба онҳо дода шавад, киҳоянд?
672

 

Мегӯянд, ки ҳар як инсон аз сармояи доштааш бояд закот диҳад. Мехостам донам, ки аслан худи закот чист? Он ба киҳо ва бо кадом мақсад дода мешавад?

Сарвар ТОҲИРОВ, ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Закот калимаи арабӣ буда, маънояш покӣ, нумӯ, афзоиш ва баракат мебошад. Он рукни сеюми бинои ислом, яке аз фароизи Худованд бар мусулмонон ва ибодати молиест, ки ба миқдори муайян ва дар шароити хос пардохта мешавад. Миқдори муайяне аз моли ҳар мусулмон, ки ба ҳукми шаръ онро дар масрафҳои муайяне дар роҳи Худо пардохт менамояд; ҳақи молие, ки пардохти он дар моли ба нисоб расида шаръан воҷиб мегардад.

Закот махсус ба ҳашт тоифае, ки Аллоҳ таъоло дар ояти 60-уми сураи “Тавба” баён кардааст, тақсим карда мешавад: «Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дар роҳ мондагон) аст».

Закот дар 30 ояти Қуръон ҳамроҳи намоз ва дар оятҳое бо калимаи «садақа» ё «садақот» зикр гардида, бино ба фармудаҳои он, пок сохтани нафси муъминон, баҳрамандии оммаи мардум аз молу дороӣ, пешгирӣ аз эҳтикор ва андӯхта шудани мол дар дасти ҷамъе аз сарватмандон ва ба вуҷуд овардани низоми устувори молӣ аз ҳадафҳои ташреи он ба шумор рафта, нишонаи имондорӣ, мӯҷиби ҷалби раҳмати Худованд ва сабаби растагорӣ дар охират дониста шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД