Arzon march 2024
8 омили асосии ба саратони сина гирифтор шудани бонувон
09.03.2025
Oila.tj
988

Солҳои охир шумораи гирифторони саратон натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон афзуда истодааст.

Мутаасифона, бештар ба саратон занону духтарон мубтало гашта истодаанд, ки ин ба солимии миллат хатар дорад. Тавре Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфтанд, ҳолатҳои гирифторӣ ба саратони узвҳои занона торафт зиёд шуда истодаанд. Шумораи умумии маризони мубталои саратон дар Тоҷикистон, айни замон, 20 675 нафарро ташкил медиҳад. Дар сархати бемориҳои онкологӣ саратони ғадудҳои ширӣ қарор дошта, 16%-и шумораи умумии гирифторони касалии саратонро маҳз бонувоне ташкил медиҳанд, ки мубталои саратони ғадудҳои ширӣ мебошанд. Ба хотири пешгирии ин беморӣ, имрӯз, мо дар бораи нишонаҳои асосии саратони сина каме маълумот медиҳем.

Сабабҳои пайдоиши саратони ғадудҳои ширӣ

Дар байни намудҳои гуногуни саратони узвҳои занона, саратони ғадудҳои ширӣ, ки бо номи саратони сина машҳур аст, бештар во мехӯрад. Саратони ғадудҳои ширӣ низ, ба мисли дигар намудҳои саратон дар натиҷаи афзоиши бемайлони ҳуҷайраҳои зараровар (злокачественные клетки) дар организм пайдо мешавад. Дар сурати сари вақт аз паси табобат нашудан ин намуди саратон хеле зуд рушд карда, ба дигар узвҳо низ, паҳн шуда метавонад, (метастаза) аз ҳамин хотир, барои пешгирии саратони ғадудҳои ширӣ, ё саратони сина занону духтарон бояд тез-тез аз ташхис гузашта, бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ аз пайи табобат шаванд.

Омилҳое, ки боиси гирифтор шудан ба саратони сина мегарданд

Тавре тадқиқотҳои охири соҳаи тиб нишон медиҳанд, баъзе омилҳое ҳастанд, ки боиси пайдо шудани саратони ғадудҳои ширӣ, ё авҷгирии ин беморӣ мегарданд. Ин омилҳо:

  1. Ирсият

2. Муҳити ногувори экологӣ

3. Вайроншавии ҷараёни ҳосилшавии ҳормонҳо, махсусан прогестерон ва эстроген дар ҷисми зан

4. Синну сол, бештар бонувони аз 40 сола боло ба саратони сина гирифтор мешаванд

5. Исқоти ҳамл

6. Асабоният ва ташаннуҷи асаб (стресс)

7. Фарбеҳии аз ҳад зиёд

8. Камҳаракатӣ ва ғайра.

Тавре мебинем, ба ғайр аз ирсият дигар қариб тамоми омилҳои барангезандаи саратони ғадудҳои шириро зери назорат гирифта, сар задани бемориро пешгирӣ кардан имконпазир аст.

Аслан, ҳолатҳои бо сабаби ирсият ба саратон гирифтор шудани бонувон каманд, аммо ба ҳар ҳол барои пешгирии беморӣ занону духтароне, ки модар, ё бибию бибикалонашон ба саратони ғадудҳои ширӣ гирифтор буданд, барои фаҳмидани он ки дар вуҷудашон то кадом андоза хатари ба ин касалӣ гирифтор шудан мавҷуд аст, ташхисҳои махсуси навъҳои паҳншудаи саратон BRCA 1, BRCA -2, CHEK-ро бояд гузаранд.

Бонувоне, ки хатари пайдоиши саратони ғадудҳои ширӣ дар онҳо вуҷуд дорад, агар пайваста дар зери назорати духтури момолог бошанд ва ҳаёти солим ба сар баранд, ин бемориро пешгирӣ карда метавонанд.

Дер таваллуд кардан боиси ба саратони сина гирифтор гаштан мешавад?

Саратони ғадудҳои ширӣ бо ҳаёти репродуктивӣ низ, алоқамандӣ дорад. Ҳомиладорӣ метавонад боиси пешгирии саратони сина, ва ё баръакс хуруҷ кардани он гардад. Зан, агар ба саратони бадсифат (злокачественная опухол) гирифтор бошад, дигаргуниҳое, ки дар давраи ҳомиладорӣ дар организмаш ба вуҷуд меоянд, боиси авҷ гирифтани саратон шуда метавонад. Тавре таҳқиқотҳои олимони соҳа нишон медиҳанд, 0,03 % -и занони ба саратони сина гирифтор дар давраи ҳомиладорӣ авҷ гирифтани беморӣ мушоҳида шудааст. Дер таваллуд кардан низ, метавонад боиси ба саратони ғадудҳои ширӣ гирифтор шудани зан гардад.

Дар гурӯҳи хатар бонувоне қарор доранд, ки баъди 30-солагӣ фарзанди аввалини худро ба дунё овардаанд. Дар заноне, ки лаззати модар шуданро пас аз 35-40 солагӣ чашидаанд, хатари ба саратони ғадудҳои ширӣ гирифтор шудан назар ба бонувоне, ки тифли аввалашонро дар 20-22 солагӣ таваллуд карданд 2-3 маротиба бештар аст.

Воқеъан, сина надодан ба кӯдак хатари ба саратони сина гирифтор шудани занро 1,5 маротиба бештар месозад. Занон дар синни 40–49 солагӣ ба саратони ғадудҳои ширӣ бештар гирифтор мегарданд.

Нишонаҳои асосии саратони ғадудҳои ширӣ

Саратон, дар як, ё ҳарду пистони зан якбора пайдо шуда метавонад. Дар ёд дошта бошед, ки саратони ғадудҳои ширӣ бемории системавӣ буда, натанҳо ба мавзеъи аз саратон осебдида – сина, балки ба дигар қисматҳои организм низ, зарар мерасонад, бинобар ин, дар баробари нишонаҳои зоҳирӣ, беморӣ нишонаҳои дигар низ дорад, ки ба ҳолати ҷисмонӣ ва равонии мариз алоқаманд аст.

Маъмулан, заноне, ки дар ҷисмашон саратон пайдо шудааст, дар баробари пайдо шудани ғадуд дар пистонашон, бошиддат вазни баданашонро партофта, лоғар мешаванд. Зан худро беҳолу бемадор эҳсос мекунад, иштиҳои мариз худ аз худ гӯм шуда, ӯро руҳияи навмедӣ фаро мегирад.

Дарҳол аз паси ташхис шавед

Дар баъзе ҳолатҳо нишонаҳои зоҳирии саратон дар сина дер пайдо мешаванд, вале беморӣ аз дохил ба ҷисм осеб расонидан мегирад. Маъмулан, дар чунин ҳолатҳо бо мушоҳида намудани нишонаҳои дигари саратон, ки дар боло номбар кардем, ҳарчанд аломатҳои зоҳирӣ аз қабили пайдоиши ғадуд дар синаи зан ба назар нарасанд ҳам, табибон ташхисҳои махсус-маммография, УЗИ –и ғадудҳои ширӣ ва МРТ мегузаронанд, то ки паҳншавии саратониро пешгирӣ кунад.

Дар кадом ҳолатҳо ба духтур муроҷиат кардан лозим аст?

Аслан, занону духтарони зоҳиран комилан сиҳату саломат низ, бояд соле ақаллан 2 маротиба ҳатман ба табиби амрози занона муроҷиат намуда, аз ташхиси пурра гузаранд. Ин барои пешгирии ҳар хел бемориҳои занона зарур аст. Ба табибони саратоншинос бошад, дар ҳолатҳои зерин ҳатман муроҷиат кардан лозим аст:

1. Пайдо шудани дилхоҳ намуди ғадуд дар сина

2. Дигаргун гаштани шакли синаи зан

3. Рафтани моеъ, ё фасод аз синаи зан

4. Тағйирот дар нӯги пистон ва гирди он

5. Пажмурда, пурожанг ва сурх шудани пӯсти сина, ё варам кардани он

6. Эҳсоси кашишхурии пӯсти баъзе мавзеъҳои сина

7. Эҳсоси дард ҳангоми бардоштани даст дар ҳамон қисмате, ки саратон пайдо шудааст

8. Пайдо шудани захми пур аз чирку фасод дар синаи зан (агар саратон аллакай реша давонда бошад)

Агар шумо як, ё якчанд нишонаҳои дар боло зикршударо дар синаи худ ҳис карда бошед, ҳатман ба духтур муроҷиат намуда, пеш аз ҳама аз ташхиси момографии ғадудҳои ширӣ гузаред. Фаромӯш накунед, ки дер ба табибон муроҷиат намудан, метавонад боиси хуруҷ кардани беморӣ ва ба дигар қисматҳои организм паҳн гаштани саратон гашта, оқибатҳои ногуворро ба вуҷуд меорад.

Саратони сина ба кадом узвҳо осеб расонида метавонад?

Тавре дар оғоз гуфтем, дар сурати бепарвоӣ зоҳир намуда, сари вақт ба табибон муроҷиат накардан, саратони сина метавонад реша давонда, ба дигар узвҳо низ, зарар расонад. Пеш аз ҳама, саратони сина ба ғадудҳои лимфа мегузарад. Ҳодисаҳои ба узҳои дигар - ҷигар, шуш ва ҳатто майнаи сар гузаштани саратони сина низ, кам нестанд.

Фаромӯш накунед, ки паҳншавии саратон ба дигар узвҳо хатарнок мебошад, тавре ки табибон мегӯянд, аксари маризон на аз худи саратони сина, балки маҳз бо сабаби бепарвоӣ зоҳир намудан нисбат ба саломатии худ ва сари вақт аз пайи табобат нашудан, бо сабаби ба дигар узвҳо паҳн шудани саратон (метастаза) аз олам мегузаранд, зеро ҳуҷайраҳои саратонӣ кори узҳои дохилиро вайрон ва организмро ба пуррагӣ хароб месозанд.

Ба даҳшат нафтед, вале бепарво ҳам набошед

Аксари бонувон бо шунидани номи касалии саратон ба даҳшат афтида, умедашонро аз зиндагӣ мекананд. Ин ба ҳолати рӯҳии зан зарбаи сахт зада, боиси авҷибештари беморӣ мегардад.

Мо ба занон маслиҳат медиҳем, ки дар сурати исбот шудани ба саратони сина гирфтор гаштанашон ба таҳлукаву тарс наафтанд, вале ҳамзамон, нисбати саломатии худ бепарво низ набошанд.

Фаромӯш накунед, ки сари вақт муроҷиат намудан ба табибони саратоншинос, гирифтани кимиёдармонӣ, ҷарроҳӣ ва дигар намудҳои махсуси табобат бар зиддӣ саратон шуморо аз панҷаи беморӣ наҷот дода метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД