arzon replenishment
8 қоидаи хӯрокхӯрӣ дар шаби Соли Нав 
31.12.2024
Оила.Тҷ
590

Хӯроки бисёр напазед

Ид аст гуфта, хӯроки бисёр напазед. Якум: исроф ҳаром аст. Дуюм: вақте ки 3-4 хӯроки лазизро рӯйи дастурхон мегузоред, ҷилави нафси худро кашидан хеле душвор мешавад ва ба пурхӯрӣ роҳ дода, бемор шудани шумо ва аҳли оилаатон имкон дорад. Сеюм: Аз он ки хӯроки бисёре пӯхта, онро шабмонда мекунед, маҳсулотро дар яхдон нигоҳ дошта, рӯзи дигар ягон хӯроки тоза пазед, беҳтар аст. 

Гурусна сари дастурхон нашинед

Барои он ки ба дарди меъда гирифтор  нашавед, реҷаи хӯрокхӯриро дар соли нав вайрон накунед. Субҳ ҳатман субҳона хӯред, хӯроки нисфирӯзиро аз ёд набаред ва дар вақти муайян сари дастурхони солинавии шом бишинед.

Майонези хонагӣ тайёр кунед

Барои он ки ҳазм кардани ғизо ба меъдаи аҳли оилаатон душворӣ накунад ба хӯришҳои солинавии худ майонези хонагии камравған андозед.  

Аввал сабзавот хӯред

Пеш аз истеъмоли ғизои асосӣ ва хӯрокҳои гӯштӣ аввал сабзавоти тару тоза хӯред. Дар таркиби сабзавот клетчатка зиёд буда, баланд шудани сатҳи қандро дар хун пешгирӣ менамояд. 

Асабонӣ нашавед

Даводавии зиёди пеш аз ид боиси он мегардад, ки асаби кас заиф гашта, барои ҳар як майда-чӯйда асабӣ шавад. Асабоният боиси дарди меъда мегардад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки дар шаби соли нав асабатон ором бошад. 

Оҳиста-оҳиста хӯрок хӯред

Саросемавор тамоми нӯшу неъмати дар рӯйи дастурхони идона бударо чашидан нагиред. Кам-кам ва оҳиста-оҳиста хӯрок хӯред ва ғизоро нағзакак хоида, баъд фурӯ баред. 

Бештар бирақсед

Барои он ки ғизои хӯрдаатон зудтар ҳазм шавад, бештар ҳаракат намоед ва рақсу бозӣ кунед. Сайругашт дар ҳавои кушод низ дар шаби ид хеле фоиданок аст. 

Шириниҳоро барои субҳ нигоҳ доред

Шарт нест, ки дар шаби ид чанд намуд хӯрок ва хуришҳоро истеъмол намуда, аз болояш торту ширинӣ хӯред. Беҳтараш шириниҳоро барои субҳ нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД