new banner new years
8 фоидаи оби хуч ба саломатии инсон
1129

 

Аксари табибон ба маризон ба ҷойи чой оби хуч (шиповник) нӯшиданро тавсия медиҳанд. Ин албатта бесабаб нест. Хуч саршор аз витаминҳо ва моддаҳои дигари муфид буда, ба саломатии инсон фоидаи зиёде дорад. Имрӯз мо дар бораи манфиатҳои хуч ба шумо маълумот медиҳем.

1. Хуч манбаъи ликопин ва витаминҳои А, В, Е, К мебошад, ҳамчунин дар таркибаш оҳан, магний ва дигар моддаҳои минералии фоиданок дошта, нӯшиданаш бениҳоят муфид аст. Оби хуч асабро ором ва ҷисми инсонро пурқувват намуда, ба барқароршавии ҳуҷайраҳо мусоидат менамояд. Тадқиқотҳои олимон собит намудаанд, ки дар таркиби хуч нисбат ба лимӯ мандарин ва аплесин 60 маротиба бештар витамини С вуҷуд дорад. Ин витамин иммунитети инсонро пурқувват гардонида, ба мубориза бар зидди вирусу микроб ва бемориҳои сироятӣ тобовар месозад.

2. Фоидаи дигари хуч дар он аст, ки ба ҳазми ғизо ёрӣ мерасонад. Оби хуч дар таркибаш пектин дошта, рӯдаҳоро ба хуб кор кардан водор месозад. Шахсоне, ки пайваста оби хуч менӯшанд, аз сахт шудани дарун (запор) азият намекашанд, бар замми ин, хуч дар мубориза бо кирми рӯда ва дигар бактериву микробҳое, ки ба системаи ҳозима ворид мешаванд, ёрӣ мерасонад.

3. Боз як сабаби дигаре, ки инсонро ба нӯшидани оби хуч водор месозад, хоҳиши солим мондани дил аст. Оби хуч дар мубориза бо бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он ёрӣ мерасонад ва бар замми ин, сатҳи холестиренро дар хун паст мекунад. Хуч дар таркибаш витамини К дошта, ба лахташавии хун мусоидат менамояд. Аммо зиёд нӯшидани оби хуч ба шахсоне, ки аз тромбози рагҳои хунгард ва тромбофлебит азият мекашанд, тавсия дода намешавад.

4. Дар таркиби хуч антиоксидантҳои бисёр қавӣ мавҷуд буда, туфайли ҳамин хусусияташ бо радикалҳои озод фаъолона мубориза мебарад. Пайваста оби хуч нӯшидан хатари ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуданро ба маротиб кам мекунад.

5. Хуч манбаъи витамини А буда, пӯсти инсонро нафис, зебо ва пуртароват мегардонад. Тез-тез оби хуч нӯшидан касро аз пирии бармаҳал эмин дошта, ба чеҳрааш ҷавонию зебоӣ мебахшад. Исбот шудааст, ки пайваста оби хуч нӯшидан коллагенро зиёд намуда, барои халосӣ аз наракҳо, доғҳои пӯст ва офтобсӯхтагӣ ёрӣ мерасонад. Хоҳед, ки захмҳои шумо зудтар шифо ёбанд, бештар оби хуч бинӯшед.

6. Имрӯзҳо бо сабаби норасоии оҳан аксари одамон, махсусан занҳо ва кӯдакон ба бемории камхунӣ гирифтор мешаванд. Роҳи аз ҳама осони халосӣ аз ин мушкил бештар оби хуч нӯшидан аст. Хуч ба ҷисми инсон барои аз худ намудани оҳан ёрӣ мерасонад.

7. Тадқиқотҳои гузаронидаи олимони соҳаи тиб исбот намудаанд, ки хуч дар мубориза бо бемориҳои илтиҳобӣ давои беҳтарин аст. Оби хуч ҳамчунин намакро аз организми инсон мебарорад. Касоне, ки сутунмуҳра ё пойҳояшон намак дорад, бояд бештар оби хуч нӯшанд. Хуч ба гирифторони бемориҳои артрит ва остеоартрит низ фоида дорад.

8. Шарбати хуч (пюре из шиповника) дар таркибаш ликопин дорад. Ин модда махсусан барои саломатии чашмони инсон фоиданок мебошад. Исбот шудааст, ки хуч хатари ба бемории катаракта ва дигар касалиҳои чашм гирифтор шуданро кам месозад. Шахсоне, ки ба иллатҳои чашм гирифторанд, агар бештар оби хуч бинӯшанд, шиддати бемориашон паст шуда, ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД