arzon replenishment
7 зарари то нимашаб телефонбозӣ кардан ба саломатии инсон
10.04.2025
Oila.tj
749

Агар шумо то дергоҳи шаб телефони мобилӣ даргирон дар ҷогаҳ дароз мекашида бошед, донед, ки ин ба саломатиатон бетаъсир намемонад. Имрӯз мо дар бораи зарарҳои асосии шабона телефонбозӣ кардан маълумот медиҳем.

1. Мавҷи кабуди монитори телефон ҳангоми чароғи кушта, ба хушкшавии майнаи сар сабаб гашта метавонад.

2. Шабона телефонбозӣ кардан нури чашмонро хира месозад.

3. Ҳамеша то нисфи шаб бо телефон бозӣ карда нишастан фаслҳои шабонарӯзии организми инсон, яъне ритмҳои сиркадиро, ки 24 соат давомнокӣ дошта, амалҳои асосии баданро таъмин мекунад, вайрон карда, боиси гирифтор шудан ба бехобӣ ва ташаннуҷи асаб мегардад.

4. Телефонбозии зиёд касро хотирпарешон месозад ва дар натиҷа шахс аз фаромӯшхотирӣ азият мекашад.

5. Телефони мобилӣ неруи касро мегирад ва баъди телефонбозии дурударози шабона субҳ одам худро бениҳоят хаставу бемадор эҳсос мекунад.

6. Шахсоне, ки бе телефон зиста наметавонанд, ба пурхӯрӣ гирифтор шуда, баданашон равған мегирад ва бо мушкилоти фарбеҳӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

7. Агар ҷисми инсон ба таври зарурӣ фароғати шабона надошта бошад, бо мурури замон системаи муҳофизатии организм, яъне иммунитеташ заиф мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД